(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз, санаи 24. 02. 2026 дар толори шаҳрдорӣ таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи васеи корӣ оид ба рафти таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли соли 2025 №403 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027” бо иштироки фаъолон ва масъулини дахлдори соҳа баргузор шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯз ба шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва кору рӯзгори бомаром, фаъолони шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар партави сиёсати оқилона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии Ватан, рушду нумуъи соҳаҳои хоҷагии халқ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол софдилона меҳнат мекунанд. Рушду тараққиёт ва пешрафту шукуфоии ватани мо на ҳамеша ба душманони давлату миллати тоҷик хуш меояд ва онҳо талош доранд, ки бо ноором сохтани вазъи сиёсӣ ҳадафу мақсадҳои нопоки хешро дар ин сарзамини ободу зебо, ки беш аз ҳарвақта тараққӣ меёбад, амалӣ намоянд. Дар ин росто ҷинояти савдои одамон дар баробари терроризму эстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ мушкилоти нигаронкунанда мебошад, ки ин нукта дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид ва таъкид шуд, ки масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 қабул шудааст, ки масъалаҳои гуногуни муқовимати давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро ба танзим дароварда, он сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамонро муайян менамояд. Робита ба ин дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд комиссия амал намуда, нақша-бандҳои қабулшуда ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милится Аламшозода Абдураҳмон Аламшо доир ба натиҷаҳои фаъолияти ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар вилояти Суғд дар соли 2025 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва аъзоёни Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон вохӯрӣ баргузор карда шуда, натиҷаҳои фаъолияти комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар вилояти Суғд дар соли 2025-ро баррасӣ ва таҳлил гардид.
Сипас доир ба мавзуъи матраҳшуда сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Каримӣ Раҳматулло Расулзода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, устоди Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ботурхоҷа Қобилзода баромад намуданд.
Дар ҷараёни баромадҳо вобаста ба ташаббус ва корҳои анҷомдода дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва нақшаи фаъолияти комиссия таваҷҷуҳ карда шуда, тарзу усули корбарӣ ва инъикоси он дар ВАО ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои масъалаи мазкур муҳокима гардид.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёри конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз аҳли толор бахусус, шахсони мутасаддии соҳа, раисони маҳаллаҳо, масъулини соҳаи маорифу тандурустӣ, ҷавонон, бонувон, ва дигарон даъват ба амал овард, ки бояд корбарӣ боз ҳам ҷоннок карда шавад.Таъкид гардид, ки мо бояд ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расем.
Дар ҳамдастии фаъолони ҷомеа, аҳли ҷамоатчигӣ, бахусус ҷавонон, ки ояндасози давлату миллат ба ҳисоб мераванд, талошу кӯшиши худро алайҳи ҷинояти савдои одамон, ки ҳамчун зуҳуроти манфӣ эътироф шудааст, равона намуда, муборизаи оштинопазир барем. Танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, бо вусъат додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ метавонем пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки чунин гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...