(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲОМИЁНИ ВАТАН, БО ШУМО ИФТИХОР ДОРЕМ!

Афсарону сарбозони мустаъфӣ, ҷавонони шуҷои Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳ!

Ҳамасола 23-юми феврал дар кишвари соҳибистиқлоламон рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ бо эҳсоси баланди ватандорӣ тантанаву таҷлил мегардад.

Миллати тоҷик афсарону аскарон, сарбозони далер, ҳомиёни ватанро дар ин санаи муборак шодбод мегўяд ва хизматҳои шоёнашонро дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол шоиста медорад. Бешак, дар фосилаи ин 33 сол Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон мактаби бузурги ватандорӣ, оини ҷавонмардӣ, пойдевори тарбияи ҳарбӣ – ватандўстии насли наву далери тоҷик гардид.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамасола диққати махсус дода, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбӣ таваҷҷўҳи беандоза зоҳир мекунанд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъминоти волоияти қонун пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст. Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус махсус таъкид доштанд, ки “...сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад. Мо шароити онҳоро сол аз сол беҳтар карда истодаем, лекин боз ҳам дар ин самт кор кунем, шароити дараҷаи олии хизмат, ҳам зиндагиро бояд муҳайё намоем ва ҳам мутахассисони сатҳи баланди касбии низомӣ омода намоем”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва масъулини соҳа ин нуктаи муҳими дастури Пешвои миллатро вазифаи аввалиндараҷаи хеш медонанд. Ин аст, ки ҳамаи қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизот ва техникаи зарурӣ таъмин буда, сафи ихтиёриёне, ки бо ташаббуси худ ба коммисариатҳои ҳарбӣ омада, омодагии хешро барои адои қарзи фарзандӣ ифода мекунанд, зиёд гардида истодааст.
Дар қонуни асосии мо, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис-тон низ омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон муҳимтарин мактаби обутоб ва шуҷоату диловарӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо онҳо сабақи ҳаёту мардонагӣ, муҳофизат намудани Ватанро меомўзанд.
Халқи тоҷик дарк намудааст, ки имрўз Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти баланди ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва зери ҳимояи он ҳаёти осоишта дорад.
Рўзи Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба ҳамаи Шумо, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, ҳамшаҳриёни азиз муборакбод мегўям. Бароятон саломатӣ, рўзгори обод ва дар иҷрои рисолату қарзи фарзандӣ – ҳифзу ҳимояи ин Ватани маҳбуб шуҷоату далерӣ, садоқату сарбаландӣ таманно мекунам.
Ид муборак, родмардони Ватан!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...