21 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани ҳисси ифтихору ватандӯстӣ ва зебопарастии хизматчиёни ҳарбӣ дар дар яке аз толорҳои қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ дар шаҳри Хуҷанд озмуни “Суруди сарбоз-2026” баргузор шуд.
Чорабиниро Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳр ифтитоҳ намуда, ба самъи сарбозону афсарон номи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки фазои орому осудаи имрўзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст”.
Бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.
Таъкид шуд, ки баргузор гаштани Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз-2026» ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бедор гаштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастии ҷавонон заминаи воқеӣ гузошта, изҳори боварӣ мекунем, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
Сипас аз ҷониби дастаҳои қисмҳои низомии аз рӯйи номиннатсияҳои “Суруди якка” ва “Суруди ҳамсароён” дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Ваҳдат, Истиқлолият ва дар мавзуи озод сурудҳо бо маҳорати баланд саройида шуданд.
Ҳамин тавр, баъди таҳлилу баҳогузории ҳайати ҳакамот ҷои аввалро қисми ҳарбии 051056 – и Горди Миллии ҶТ, ҷойи дуюм – қисми ҳарбии 07820 - и Вазорати Мудофиаи ҶТ ва мақомҳои сеюмро қисми ҳарбии 3501 – Қӯшунҳои Дохилии ВКД ва қисми ҳарбии 0235 – ҚС КДАМ ҶТ ба даст оварданд.
Ба иштирокчиёни фаъол аз ҷумла: қисмҳои ҳарбии 0230, 0215, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, қисми ҳарбии 01972 ВМ ҶТ, қисми ҳарбии 08362 БЗД, қисми ҳарбии 14356 ВМ ҶТ, факултаи 4-уми ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







