19 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода роҳбари лоиҳаи “Неру” Фаридун Мирамоновро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» пешбинӣ шуда, ҳадафи асосии он назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, қонунвайронкуниҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуш мебошад.
Ҷонибҳо ҳамчунин вобаста ба амалисозии зернизомҳои лоиҳа, аз ҷумла таваққуфгоҳи музднок, нуқтаҳои барқдиҳандаи нақлиёти барқӣ, низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дурнамои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи босифати он-ро муҳокима карданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Неру” дар самти татбиқи лоиҳаҳои «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе таҷрибаи калон дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







