19 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 18-уми феврали соли 2026, дар доираи иҷрои нақшаи муштараки чорабиниҳои сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар ММТУ 2-и маҳаллаи "Бофанда" мулоқоти судманди намояндагони мақомоти давлатӣ бо сокинони маҳалла баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо маҳал Мурод Раҷабов, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Султон Ғафуров, намояндаи уламои дин Илҳомиддин Раҳматов ва мудири шуъбаи маориф Мадина Салимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мурод Рачабов оид ба масъалаҳои ҳамкории мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо маҳаллаҳо, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва халли мушкилоти мавчуда ибрози назар намуда, зикр кард, ки пешниҳоду дархости сокинон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи баррасии роҳбарияти шаҳр қарор дорад.
Дар навбати худ, намояндаи уламои дин Илҳомиддин Раҳматов доир ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, риояи меъёрҳои иҷтимоӣ ва нақши дин дар таҳкими маънавиёти ҷомеа изҳори андеша намуд.
Сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Султон Ғафуровдоир ба имкониятҳои ҷойдошта барои таъмини сокинон бо ҷойи кор, омӯзишҳои касбӣ ва курсҳои ройгони омӯзишӣ суханронӣ намуда, ҷавононро ба омӯзиш ва фаъолияти меҳнатӣ дар дохили кишвар ташвиқ кард.
Мадина Салимзода доир ба нуктаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” баромад намуд.
Мулоқоти мазкур бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи озоди сокинон идома ёфта, як қадами муҳим дар роҳандозии робитаи бевоситаи мардум бо мақомоти давлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои ҷомеа бо сохторҳои марбута гардид.
Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр ба рушди иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва таъмини суботи сиёсиву иқтисодӣ дар маҳаллаҳо мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







