07 Феврал 2026
Субҳи имрўз бо иштироки директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ Нурзода Амирҷон Рӯзихон ва устодону донишҷӯён дар доираи маъракаи сабзухуррамгардонӣ ва ҳамчунин рамзи оғоз бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди майдонҳои муассисаи таълимӣ ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи тавсияи мутахасисон беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда, ин моҳи феврал мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.
Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз мутахассисон тавсия медиҳанд, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон лозим аст.
Таъкид шуд, ки ин иқдом дар оянда низ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд идома бахшида мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







