04 Феврал 2026
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи навбунёди 14--уми шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари ширкати “Мақсади нек” Комилҷон Комилов Мактаби муосир барои 3000 хонанда дар ду баст ва кӯдакистони замонавӣ барои 200 тарбиятгиранда бунёд карда мешавад.
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода санги асос барои бунёди Мактаби миёнаи хусусӣ барои 3000 хонанда дар ду баст ва кӯдакистони замонавӣ барои 200 тарбиятгиранда гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ин иқдоми соҳибкори ватанӣ Комилҷон Комилов изҳори сипос намуда, онро намунаи олии ватандӯстӣ ва ғамхорӣ ба фардои дурахшони соҳаи маориф унвон намуд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки муассисаҳои таълимии мазкур дар вақти муайяншуда бо сифати баланд бунёд шуда, ба истифода дода хоҳад шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки чанде қабл дар микроноҳияи 27 – уми маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Комилҷон Комилов Маркази омӯзишии «Мақсад» ибора аз ду ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ошёнаи якуми марказ 5 синфхонаҳои барҳавои таълимӣ муҷаҳҳаз бо техникаю таҷҳизотҳои муосири таълимӣ, 2 утоқи корӣ барои маъмурият ва омӯзгорону кормандон ва дар ошёнаи дуюм бошад 4 синфхонаи таълимӣ ва 1 утоқи кории омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳои таълимии мазкур дорои компютер ва тахтаи калонҳаҷми электронии сенсорӣ бо пайваст ва имконияти истифодабарии шабакаи интернет, ки ҳамаи онҳо истеҳсоли давлтаҳои хориҷӣ мебошанд, таъмин гардида, дар ҳар як синфхонаҳои таълимӣ аёниятҳои замонавӣ ва гӯшаҳои иттилоотии марбут ба машғулиятҳои таълимӣ насб карда шудаанд.
Марказ довталабонро барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хориҷӣ мамлакат аз рӯи равияи тиббӣ бо омӯзиши фанҳои биология, химия, физика ба роҳ монда, инчунин, курсҳои кӯтоҳмуддати тиббӣ ва курсҳои косметологӣ, таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони хурдсол ҷиҳати таҳсил ба муассисаҳои таълимии миёнаи умумиро ҷорӣ намудааст. Ҳамзамон, марказ омӯзиши алоҳидаи фанҳои таълимии биология, химия, физика, математика ва географияро роҳандозӣ намудааст. Инчунин, баҳри омӯзиш ва сайқал додани сатҳи забондонӣ дар марказ омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, омӯзиши забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, немисӣ, хитоӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







