04 Феврал 2026
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода санги асоси азнавсозии Бинои литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд гузошта шуд.
Бино бо саҳми соҳибкорони ватании ширкат “Марв сохтмон” барои 3000 нафар дар ду баст бунёд карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки бинои литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд ҳанӯз соли 1946 бунёд шуда буд ва ниёз ба азнавсозӣ дошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







