(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСАДА ОЯД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРЎЗ…

Хуҷандиёни азиз, меҳмонони ин шаҳри хуршедӣ!

Соли равон давлати соҳибистиқлоли мо, ки сивупанҷсолагии онро тантана хоҳем кард, дар шинохти мероси маънавию таърихии халқи тоҷик корҳои бузургро ба иҷро расонд, ки дар саргаҳи он ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Дар қатори эҳёи ҷашнҳову идҳои мардумӣ, 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Тантанаи ин ҷашни бузург бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик, мардуми ориёитабор таърихи хеле куҳан дорад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нукта зикр гардид, ки “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омўзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондўстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврўз, ки имрўз мақоми байналмилалӣ гирифтаасту Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондўстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”. Ҷашни аҷдоди ориёии мо – Сада бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, беҳтарин ғояҳои инсонӣ, моҳият ва мўҳтавои онҳо мебошад.
Аз ин рў, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” аз соли 2018 ҳамасола санаи 30 январ (яъне, даҳуми баҳманмоҳи тақвими хуршедӣ) ҷашни Сада ба таври расмӣ дар қаламрави мамлакат бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил ме-гардад.
Дар Хуҷандшаҳри бостонӣ низ соли нўҳум аст, ки Сада ҳамчун ҷашни бузурги миллӣ, бо тамоми расму оини хос тантана мегардад ва мардум, хусусан, насли ҷавон бо таҷлили Сада худшиносӣ ва ватандўстии хешро собит менамояд.
Бо камоли ифтихор аз ватану ватандорӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи сокинон ва меҳмонони гиромии шаҳрро ба муносибати ҷашни миллии Сада самимона табрику таҳният мегўям.
Ҷашни Сада рамзи гармиву нур, рамзи ғалабаи некӣ бар бадӣ, омодагии табиат ба табдили сардӣ ба гармӣ маҳсуб меёбад. Яъне, пас аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз табиат мақоми бедорӣ, омодагиашро ба истиқболи фасли гармо дарак медиҳад.
Мо, мардуми сарбаланду заҳматкаши Хуҷандшаҳри бостонӣ дар соли ҷашнӣ бо баргузории иди миллии Сада, бо шукргузорӣ аз амну суботи кишвар ва осмони софу беғубори ватан, шаҳри азизу ҳамешаҷавонамонро боз ҳам ободу шукуфон, сарсабзу хуррам мегардонем ва дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода камари ҳиммат мебандем ва дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ меҳнат мекунем.
Сада ояд, ки туро мужда диҳад аз Наврўз!
Сада, пайки аввалини баҳор муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...