23 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» бо иштироки омӯзгорон ва волидайни муҳассилин ҳамоиш баргузор шуд.
Директори литсей Муҳайё Акмалхӯҷаева ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки нуктаи муҳим ва меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ чун ҳамешагӣ соҳаи маориф ва илм ташкил дод. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат, “агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.
Дар ҳақиқат рушди илму маориф калиди пешрафти ҳама соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи ҳар давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Рушди неруи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиию техникӣ ва забонҳои хориҷиву технологияи иттилоотӣ муҳимтарин нуктаҳое мебошанд, ки Пешвои миллат дар ин санади муҳим таъкид намуданд. Воқеан ҳам имрӯзҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имконият истифода карда, ба рушди илмҳои техникию табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Инчунин доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла инноватсия дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Зеро ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад.
Таъкид шуд, ки соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, инчунин беҳтар кардани вазъи иҷтимоии онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Сипас, мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муқим Болтаев ва омӯзгори литсей Муқим Воҳидов доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» изҳори назар карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки моҳи декабри соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида буд, ба тасвиб расид. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, тамоми паҳлуҳои ҳаёти касбӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии омӯзгорро фаро мегирад. Он бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву ҳуқуқӣ, таъмини кафолатҳои давлатӣ, ҳимояи шаъну шараф ва рушди касбии омӯзгорон таҳия шудааст.
Мувофиқи моддаи 8-и қонуни мазкур ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, ҷалби омӯзгор ба корҳои ғайритаълимӣ манъ буда, давлат вазифадор аст, ки шароити мусоиди корӣ ва эҳтироми омӯзгорро таъмин намояд. Ҳамчунин, қонун муқаррар намудааст, ки омӯзгорон аз муоинаи тиббии ройгон ва хизматрасониҳои солимгардонӣ баҳраманд мешаванд. Ин иқдом яке аз аввалин кафолатҳои иҷтимоии мустақим барои омӯзгорон дар сатҳи қонунгузорӣ мебошад.
Таҷрибаи даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф дорои хусусияти махсуси стратегӣ буда, ба ташаккули ҷомеаи солимфикр, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ равона шудааст. Бо идомаи ин сиёсат ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддат соҳаи маориф метавонад ҳамчун неруи асосии пешбарандаи рушди устувори мамлакат хизмат намояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш раиси кумитаи падару модарони литсейи физикӣ-математики №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамила Раҳмонова низ баромад намуд.
Ҳамоиш бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







