21 Январ 2026
Дар кӯчаи “Себзор”-и маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд бунёди маркази муосири савдои дуошёнаи «Амид» бо таҳхонааш бомаром идома дорад.
Зимни як боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди ин маркази савдо шиносоӣ пайдо карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири савдою хизматрасонӣ аз бо маблағгузории ҶДММ «Амид» аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ «Тиниал» бунёд шуда истодааст.
Корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз аз 40 нафар сохтмончӣ ва мутахассисони баландихтисоси ватанӣ бомаром идома дорад. Маркази муосири савдо «Амид» аз ду ошёна бо таҳхонааш иборат буда, беш аз 3000 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва баъди истифодадиҳӣ ба фурўши маҳсулоти озуқаворӣ машғул мешавад.
Баробари пурра мавриди истифода қарор гирифтани маркази муосири савдо «Амид» то 100 адад ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.
Раҷаб Аҳмадзода ба муассис ва пудратчии иншоот ҷиҳати бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд намудани маркази савдо ва бо назардошти унсурҳои миллии меъморӣ ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳо дод.
Интизор меравад, ки ин маркази савдои “Амид” соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







