(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо лоиҳаи бунёди пули нав, ки байни микроноҳияи 12-ум ва маҳаллаи Раззоқ сохта мешавад, шинос шуд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти сол ба сол зиёд гардидани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ зарурати сохтмони пули нав ба миён омадааст. Лоиҳаи пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия гардида, пул аз маҳаллаи 12-ум то маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, дарозии умумии он 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар ду канори пул барои пиёдагардон роҳравҳои махсус пешбинӣ гардида, тамоми талабот ва меъёрҳои сохтмониву меъморӣ пурра риоя хоҳанд шуд. Бо ин мақсад бунёди 11 сутунпоя дар назар дошта шуда, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш ёфтани тамбашавии роҳҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва сабук гардидани ҳаракат дар пули куҳна мусоидат хоҳад кард. Раиси вилоят зимни шиносоӣ ба масъулин, меъморон ва сохтмончиён ҷиҳати такмили лоиҳа ва ба инобат гирифтани тамоми талаботи муосири сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили шаҳри Хуҷанд ҳамзамон пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр низ мавриди таҷдид қарор мегирад. Тибқи нақша паҳноии пули куҳна то 16 метр васеъ гардида, роҳи автомобилгард фарохтар карда мешавад. Барои ин, васеъсозии роҳи автомобилгард аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то истгоҳи универмаг ба масофаи 818 метр дар назар аст. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни мулоқот бо меъморон ва сохтмончиён таъкид намуд, ки татбиқи ин ду иқдоми муҳим дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадафи асосӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади бемамониати шаҳрвандон мебошад. Корҳои сохтмонӣ ва навсозии ин ду иншооти муҳим дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тибқи нақша дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида хоҳанд шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...