(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 15.01.2026 тибқи нақшаи кори муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ дар МТМУ 7- и шаҳри Хуҷанд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони шуъбаи маориф Дилбар Абдуллоева ва Таҳмина Темурова, намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Қурбонсаид Болтазода Қурбонсаид, раиси Шӯрои занони махаллаи "Сайҳун" Саодат Баротова, духтури оилавии Маркази саломатии №4 Гавҳар Икромова ва раисони кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ ширкат варзида оиди масъалаҳои мубрами рӯз сухан карданд. Таъкид шуд, ки дар ҷомеаи муосир яке аз падидаҳои нигаронкунанда, ки ба тафаккури ҷавонону наврасон таъсири манфӣ мерасонад, зоҳирпарастӣ мебошад. Зоҳирпараст шахсест, ки ба намоиш, шакл ва зебоии беруна бештар аҳамият медиҳад, дар ҳоле ки мазмун, сифат ва натиҷаи воқеии фаъолият нодида мемонанд. Ин раванд боиси таъсиррасонии манфӣ ба рушди ҷомеа ва устувории давлат мегардад. Ҳангоми дар ҷомеа ҷой гирифтани зоҳирпарастӣ, арзишҳои муҳимми ахлоқӣ ба мисли ростқавлӣ, заҳматдӯстӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ заиф мешаванд ва ҷойи онро маҳалгароӣ ва миллатчигӣ мегирад. Дар ин ҳол инсонҳо мекӯшанд худро хуб нишон диҳанд. Дар натиҷа, муносибатҳои иҷтимоӣ сатҳӣ шуда, эътимод байни шаҳрвандон коҳиш меёбад. Яке аз мушкилиҳои асосии ҷомеаи имрӯза ба бар намудани либосҳои бегона мебошад, ки масъалаи муҳҳим ба ҳисоб меравад. Ҳар як халқу миллат урфу одат ва арзишҳои миллии худро дорад. Аз он ҷумла либоси миллӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ бархурди фарҳангҳо ба як воқеияти ногузир табдил ёфтааст. Тақлид ва қабули фарҳанги бегона бе дарки арзишҳои миллӣ метавонад ба ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ расонад. Фарҳанги бегона ва тақлид ба он бешак зоҳирпарастӣ мебошад. Имрӯзҳо дар миёни мардум алалхусус ҷавонон зоҳирпарастӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги бегона зиёд ба чашм мерасад, ки ин ҳамчунин ба худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Намоишкорӣ ва худнамоӣ метавонанд арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва миллиро аз байн баранд. Миллате, ки ба зоҳир бештар аз моҳият аҳамият медиҳад, дар роҳи пешрафти устувор ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Вақте диққат бештар ба омор, санҷишҳои шаклӣ ва муваффақиятҳои зоҳирӣ равона мешавад, сифати воқеии таълиму тарбия коҳиш меёбад. Ҷомеа дар чунин шароит метавонад бо насли дорои ҳуҷҷатҳо ва дипломҳо, вале бе дониш ва малакаи кофӣ рӯ ба рӯ гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...