(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии намояндагони мақомоти судӣ бо устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н.и.т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар ҷамъбасти ҳар сол ё худ дар остонаи соли нав ба парламенти мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат яке аз рамзҳои давлатдории демократию ҳуқуқбунёд эътироф шудааст. Ҳамин тавр, 16 декабри соли 2025 дар толори калони Парламенти кишварамон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Паёми имсола бо зикри рўйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оғоз шуд. Президенти кишвар нахуст аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, онҳоро рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ унвон карданд. Сипас, муовини аввали раиси Суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмон ва судяи Суди шаҳри Хуҷанд Саидзода Илҳом Ҳамид роҷеъ ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳори назар намуданд. Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати калоне ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва дастгирии занону ҷавонон бахшида шудааст. Президенти мардумӣ дар сиёсати хеш ободии сарзамин, зиндагии босаодати шаҳрвандон ва амнияту осудагиро дар мадди аввал гузошта, гаштаву баргашта таъкид бар бузургии миллати тоҷик карданд ва ҳамчунин дар назди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати асосии худро дар таъмини амният ва фароҳам овардани зиндагии шоиста маънидод сохтанд. Сиву чор соли соҳибистиқлолӣ воқеан нишон дод, ки дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат рушд ва некӯаҳволии халқи маҳбуб меистад. Ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки танҳо дар даҳ соли охир дар кишвар беш аз 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Буҷети соҳа аз 1 миллиарду 37 миллион сомонӣ дар соли 2015 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонда шуда, ба андозаи 4,2 баробар афзудааст. Бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки иншооту таҷҳизот ва маблағҳои пешбинишаванда Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд ва ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешад. Зарур аст, ки ҷавобан ба дастгириҳои Ҳукумати кишвар масъулин бояд тадбирҳои амалӣ андешанд. Президенти маҳбубамон қайд карданд: «Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад». Дар паёми имсолаи худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон рўй оварда таъкид намуданд, ки ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар замони муосир тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ва дорои фарҳангу маънавияти баланд яке аз масъалаҳои муҳиму асосӣ ба шумор меравад, зеро танҳо насли бо донишу соҳибкасб ва меҳандӯсту худогоҳ ин марзу буми аҷдодиро обод карда метавонад. Иҷрои саривақтии нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва 70 фоизи сафарбар шудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба таври ихтиёрӣ худ аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон дарак медиҳад, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёмашон махсус қайд карданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи " Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи амал оид ба “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ғайра ибрози андеша карда шуд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки омӯзгорону зиёиёни асил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар замони муосир бояд масъулияту вазифаи худро дар омӯзишу парвариши насли ояндасози кишвар амиқ дарк намоянд ва ҳамвора саъю кӯшиш кунанд, ки ҷавонон дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ба арзишҳои муқаддаси миллию мазҳабӣ, Модар - Ватан, Президент, Истиқлоли давлатӣ, таърихи гузаштагони пурифтихорамон, шоирону бузургон, қаҳрамонони халқи тоҷик, ки ҷавҳари ҳастӣ ва бунёдии миллату давлати моанд, арҷ гузоранд ва ба давлату миллати худ содиқона хизмат намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...