(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt29 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки масъалаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2026 ва ҷалби сармоя дар солҳои 2026-2030 аз масъалаҳои асосии он буд.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молия дар бораи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қарори мазкур, мушаххас намудани раванди иҷрои буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин, муайян намудани уҳдадориҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои масъулро вазифадор намуданд, ки таъмини босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути дарёфти сарчашмаҳои нав, чораҳои зарурӣ андешанд. Сипас Абдураҳмон Абдураҳмонзода вазири рушди иқтисод ва савдо, доир ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дода, зикр намуд, ки мақсади асосии барномаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва ёрии техникӣ, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, амалисозии онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона мегардад. Махсусан, ҷалби сармояи хориҷӣ барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок яке аз омилҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гашт. Ба Барнома дар маҷмуъ 864 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи он 15,7 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои табиии зиёд, аз ҷумла захираҳои об, маъдан ва металҳои нодир, иқлими мусоиду заминҳои ҳосилхез, зарфиятҳои бузурги сайёҳиву инсонӣ ва имкониятҳои хуби сармоягузорӣ мебошад. Дар кишвари мо тайи солҳои охир барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва муносибатҳои бозорӣ як қатор ислоҳоти назаррас татбиқ гардида, ташаббусҳои сармоягузорону соҳибкорон барои ривоҷи сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул гардид. Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳсозии фаъолият дар соҳа дастуру тавсияҳо доданд. Супориш дода шуд, ки тарифҳои нави барқу гармӣ аз 1 феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ шуд. Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025, масоили зимистонгузаронӣ, расондани ёрӣ ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои ниёзманд, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашнҳои байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...