(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон ва алоқамандони соҳаро ба муносибати Иди касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, амнияти давлат, суботи ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои даврони Истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамояд.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум буда, ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ ташаккулу такомул ёфтааст ва марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд. Воқеан ҳам, хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ки асоси пешрафту тараққиёти кишварамон мебошад, нақши бузург доранд. Бояд қайд намуд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, дар пешгирии кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳону синҷиши ҷиддӣ гузаштаанд. Дар ин раванд кормандони мақомоти амнияти миллӣ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯстони асил буданашонро собит намудаанд. Итминони комил дорам, ки кормандони мақомоти амнияти миллӣ чунин қудрату нерӯ ва қобилияту зиракиро доранд ва ҳамеша дар иҷрои рисолати муқаддаси худ яъне, ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омодаанд. Бори дигар, тамоми кормандони ин ниҳоди муҳими давлатиро бо Иди касбиашон табрик гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ, хонаи ободу рӯзгори шод ва дар иҷрои вазифаҳои басо мушкил, вале бошарафу пурифтихоратон барору комёбиҳо орзу менамоям. Идатон муборак - ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...