27 Декабр 2025
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Ғулом Ҳалимзода дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаву сохторҳои шаҳр ва масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуданд, ки дар ин рӯз беш аз 20 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.
Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, баҳси замин, ободии маҳал, номгузории кӯча, таъмин бо ҷойи кор, таъмири боми хона ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рӯзҳои қабул аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







