(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 20-40 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд, то ин, ки дастархони идонаи мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад. Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода дар назди ҳозирин таъкид намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони солинавии мардум сурат гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 дар вилоят истеҳсоли сабзавот 709678,5 тонна, аз ҷумла пиёз 211295,2, картошка 743651,8, полезӣ 169985,0, мевагиҳо 269906,5, аз ҷумла зардолу 181940,4, себ 58474,5, ангур 62827,2 ва зироатҳои хӯроки чорво 537165,2 воҳиди хӯрока ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 106,3 фоиз, аз ҷумла пиёз 102,8, картошка 113,5, мевагиҳо 117,2, аз ҷумла зардолу 119,7, себ 112,4, ангур 101,7 ва зироатҳои хӯроки чорво 106,3 фоизро ташкил намудааст. Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 83132,4 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 21147,4, моҳӣ 924,9, шир 295935,6 тонна, тухм 850,1 миллион дона, асал 1317,2 тонна, пилла 65,7 ва пашм 1747,6 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши гӯшти чорвою паранда 114,2 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 115,3, моҳӣ 111,1, шир 106,4, тухм 120,6 ва пашм 102,9 фоиз таъмин шудааст. Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 108,4 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 90,6 гектар боғ ва 17,8 гектар токзори нав бунёд шудааст. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 417,8 гектар, аз ҷумла 403,1 гектар боғ ва 14,7 гектар токзори кӯҳна гузаронида шудааст. Боғҳои интенсивӣ дар масоҳати 79 гектар бунёд ёфтаанд, ки аз он масоҳати боғҳои зардолу 14,5 гектар, себ 11, шафтолу 30, олу 13,5, сиёҳолу 5 ва гелос 5 гектарро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 52 маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...