(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар микроноҳияи 27-уми маҳаллаи “Ваҳдат"-и шаҳри Хуҷанд Маркази омӯзишии «Мақсад» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳии Маркази омӯзишии «Мақсад» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, омӯзгорони Марказ, устодону донишҷӯёну муассисаҳои олӣ ва дигарон иштирок намуданд. Таъкид шуд, ки Маркази омӯзишии «Мақсад» бо пуштибони аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани ҷашни мубораки миллӣ 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Комилҷон Комилов таъсис дода шудааст. Маркази омӯзишии «Мақсад» дар маҳаллаи Ваҳдат, микроноҳияи 27 – уми шаҳри Хуҷанд ҷой гирифта, он аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ 5 синфхонаҳои барҳавои таълимӣ муҷаҳҳаз бо техникаю таҷҳизотҳои муосири таълимӣ, 2 утоқи корӣ барои маъмурият ва омӯзгорону кормандон ва дар ошёнаи дуюм бошад 4 синфхонаи таълимӣ ва 1 утоқи кории омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳои таълимии мазкур дорои компютер ва тахтаи калонҳаҷми электронии сенсорӣ бо пайваст ва имконияти истифодабарии шабакаи интернет, ки ҳамаи онҳо истеҳсоли давлтаҳои хориҷӣ мебошанд, таъмин гардида, дар ҳар як синфхонаҳои таълимӣ аёниятҳои замонавӣ ва гӯшаҳои иттилоотии марбут ба машғулиятҳои таълимӣ насб карда шудаанд. Дар асоси Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ довталабонро барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хориҷӣ мамлакат аз рӯи равияи тиббӣ бо омӯзиши фанҳои биология, химия, физика ба роҳ монда, инчунин, курсҳои кӯтоҳмуддати тиббӣ ва курсҳои косметологӣ, таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони хурдсол ҷиҳати таҳсил ба муассисаҳои таълимии миёнаи умумиро ҷорӣ намудааст. Ҳамзамон, марказ омӯзиши алоҳидаи фанҳои таълимии биология, химия, физика, математика ва географияро роҳандозӣ намудааст. Инчунин, баҳри омӯзиш ва сайқал додани сатҳи забондонӣ дар марказ омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, омӯзиши забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, немисӣ, хитоӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст. Барои пешбурди фаъолият бо истифода аз роҳу усулҳои муосири ҷараёни таълимӣ устодону омӯзгорони соҳибтахассуси дорои дараҷа ва унвони илмидошта ҷалб гардидаанд. Шоистаи қайд аст, ки соҳибкор Комилҷон Комилов ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва эҳтирому самимияти беандоза ба шахсияти зиндагиофар ва ҳастисози хеш модари арҷманди худ, омӯзгори варзида, роҳнамою ҳидоятгари ҳазорон шогирдон, номзади илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи кори тиббӣ-биологии факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Обидова Мақсадой Домуллоҷоновна маркази мазкурро ташкил ва ба ифтихори эшон «Мақсад» номгузорӣ намуд. Айни ҳол роҳбарии маркази мазкурро Муҳиба Комилова бар зимма дошта, номбурда ният дорад то охири соли 2026 ду филиали дигари марказро дар минтақаҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ки корҳои сохтмонии он бомаром идома дорад мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Соҳибкори ватанӣ азм намудааст, ки дар шаҳри Хуҷанд дар ояндаи наздик боз муассисаҳои таълимии дигари соҳаи маориф, аз ҷумла, муассисаи таълимии таҳсилоти томактабӣ ва муассисаи таълимии миёнаи умумиро бунёд ва ба истифода диҳад. Тазаккур бояд дод, ки тибқи Қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2025 ба Маркази омӯзишии «Мақсад» Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 05 декабри соли 2025, №5543 дода шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...