20 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввал ва муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаву сохторҳои шаҳр, раисони маҳаллаҳо ва масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуд, ки дар ин рӯз 39 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун ба шаҳрдор муроҷиат намуданд.
Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, сохтмон, таъмини бо манзили зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маводи озуқа, ҳуҷҷатгузории амвол, ободии маҳал, таъминот бо либоси гарми зимистона, масоили хизматрасонии коммуналӣ, таъмин бо ҷойи кор ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рӯзҳои қабул аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







