(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори хурди Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шўъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд ҳамоиш баргузор шуд.

Ҳамоишро Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳусни ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар Паёми навбати худ Пешвои муаззами миллат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа ва минбаъд низ ба дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо диққати ҷиддӣ дода саҳми назарраси занону бонувон дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷумҳурӣ низ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлати қарор гирифт. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, ба касбомӯзиву шущли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шудааст. Дар ҷараёни ҳамоиш Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои филологӣ дотсент Гулчеҳра Аҳророва, дотсент, номзади илмҳои фалсафа Муҳайё Ҳотамова, дотсент, номзади илмҳои педагогӣ Дилбар Раҳмонова ва дигарон доир ба нуктаҳои Паёми Роҳбари Давлат ба Маҷлиси Олӣ маърӯзаҳо намуданд. Зикр гардид, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба ҳаёти занон таъсири амиқи худро гузошт. Соҳибистиқлолӣ чунин муҳитеро фароҳам овард, ки ҳар як фард бахусус занон имконияти муфиди худсозию худмуаррифиро дар ҷомеа ба даст оварда, дарк намуданд, ки онҳо низ ҳамчун як қувваи бузурги созанда метавонанд саҳми худро дар бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гузоранд, рисолати ватандориро бо тамоми вуҷуди худ эҳсос ва дарк менамояд. Интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳуҷҷати сарнавиштсозу муҳимест, ки ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар асос гузошт. Дар ин раванд, силсилаи фармону қарор ва барномаҳои милливу давлатӣ низ ба тавсиб расиданд. Хоса, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»-ро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ дар ин масъала номбар кардан ҷоиз аст. Ҳамчунин, дар заминаи фармону қонуни фавқуззикр тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи кор бо занон ва оила аз ҷумла, Барномаи давлатии «Самтҳои сиёсати давлат оид ба таъмин ва ҳуқуқии баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тарбия, интихоб ва ҷабаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», Консепсияи рушди оила ва «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» «Барномаи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ба имзо расиданд. Ин ҳама баёнгари он аст, ки бо назардошти он, ки зиёда аз 50 фоизи аҳолии мамлакатро занон ташкил медиҳанд, таъсири онҳо ба иқтисодиёту сиёсат, устувории иҷтимоӣ ниҳоят муҳим аст, давлат ба баланд бардоштани мақом ва нуфузи занон дар ҷомеа диққати махсус медиҳад. Дар анҷоми ҳамоиш ба 25 нафар шунавандагони курси 3 моҳаи “Зан роҳбар”-и назди шўъбаи кор бо занон ва оила, ки дар асоси “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2030 бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, баланд бардоштани обрўву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда ташкил гардидааст, гувоҳномаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...