(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТавре иттилоъ дода будем, муштзани ҷавони тоҷик, Хусравхон Раҳимови 23-сола дар XXIII-юмин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон соҳиби медали нуқра шуд. Ин аввалин медали нуқра дар таърихи бокси Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Қаҳрамонии ҷаҳон мебошад. Варзишгар бо чунин дастовард номи худро дар таърихи муштзании Тоҷикистон сабт кард.

Имрӯз Хусравхон Раҳимов бо сари баланд ба хонаи худ баргашт ва ин ҷавонмарди асили парчамбардорро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Федератсияи бокси вилоят, устодони варзиш, варзишгарон самимона истиқбол намуданд. Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Дилшод Давронзода, муовини сардори раёстаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Фирӯз Азимҷонов, раиси Федератсияи бокси вилояти Суғд ноиби қаҳрамони бокси ҷаҳон Хусравхон Раҳимовро аз номи роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд самимона табрику таҳният намуданд. Таъкид шуд, ки дар таърихи бокси Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон Абдусалом Ҳасанов (57 кг) соли 2003 дар Бангкок, Шералӣ Достиев (48 кг) соли 2005 дар Мянян, Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Боку, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Синхуандао ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Тошканд ва Акмал Убайдов (60 кг) соли 2025 дар Дубай соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буданд. Хусравхон Раҳимов (57 кг) соли 2025 дар Дубай аввалин медали нуқраро барои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон ба даст овард. Ҷоиз ба зикр аст, ки мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 13 муштзан ширкат варзиданд ва аз ин шумора 2 медал ба даст омад. Акмал Убайдов дар вазни 60 кг медали биринҷӣ ва Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг медали нуқра гирифтанд. Медали нуқраи Хусравхон Раҳимов аввалин дастоварди шоиста дар таърихи бокси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон мебошад. Дар он Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври аввал муқобили намояндаи Лесото Тока Литабе ба набард баромада, дар раунди дуюм пирӯз шуд. Рақиби дуюмаш аз Муғулистон буд, ки бо натиҷаи 4-3 бар ӯ ғолиб шуд. Баъдан Хусравхон ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, бо намояндаи Африқои Ҷанубӣ, Сигвела Масибулеле нерӯ санҷид. Бо қарори якдилонаи доварон (5:0) пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор сохт. Хусравхон Раҳимов дар марҳилаи нимниҳоӣ бо ҳисоби 5:0 муштазни узбек Хуҷаназар Нортоҷиевро мағлуб сохта, ба финал роҳ ёфт. Ҳамин тариқ, Хусравхони 23-сола аввалин муштзани тоҷик шуд, ки ба финали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Ҳамзамон, дар рӯзи ҳаштуми мусобиқа Акмал Убайдов аз Тоҷикистон ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид. Дар даври ниҳоӣ Хусравхон бо намояндаи Қазоқистон Оразбек Асилқулов ба майдони сабқат баромад ва бо қарори доварон (0:5) соҳиби ҷойи дуюм шуд. Ба ин комёбӣ шарафёб шудани Хусравхон Раҳимов саҳми волидайн, устодон, аз ҷумламураббии шоистаи Тоҷикистон, Саидхоҷа Маъмуров беназир аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...