06 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори пазироии Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маросими тақдими грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба бонувони ҳунарманди шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни маросими супоридани Гранти Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар давраи навини давлатдориамон бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан - модар мавқеи баландро соҳиб гардида, бонувони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон ҳастанд ва рисолати хешро бобати дар рӯҳияи баланди меҳанпарастию ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд.
Зеро ҳама эъҷозу парвозҳо, эҷоду бунёдкориҳо ва мардонагиву қаҳрамониҳои миллат самараи заҳмати шабонарӯзии занону модарон аст.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишварамон маҳз бо назардошти ҳамин ҷойгоҳи хоса ва ба хотири арҷгузорӣ ба нақши онҳо мебошад.”
Дар воқеъ, миллати тоҷик дорои ҳунарҳои гуногуни мардумист, ки дар шебу фарози таърихӣ бо заҳмату талоши ҳунармандонаш рушду такмил ёфта,то ба имрӯз расид. Дар ҳар замоне баҳри эҳёву рушд ва ба наслҳои минбаъда мерос гузоштани арзишҳои миллӣ шахсиятҳое рисолати давлатдориро ба зимма мегиранду дар ин ҷода нақши муассиру асосӣ мегузоранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятанд, ки тамоми ҳунарҳои миллии қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаро бо ҷаҳду талош аз нав эҳё намуданд ва барои фаъолияти ҳунармандони мардумӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Пешвои миллатро заминагузори ҳунарҳои миллии тоҷик гӯем, хато намекунем. Зеро бо ташаббус ва хиради дурандешонаашон ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик дубора эҳё гардид.
Ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарманди тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Имрӯз бо дарки ин муҳиммият дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода марказҳои гуногуни омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо сокинон ба омӯзиши ҳунарҳо ва фаъолият ҷалб шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳр аз ҷониби бонкҳои “Эсхата”, “Арванд”, “Имон” ва ташкилотҳои молиявии хурди “Ҳумо” ва “Оксус” барои ҳунармандон ҷиҳати ташкили фаъолият ва рушди ҳунармандӣ қарзҳои имтиёзнок бо фоизҳои нисбатан паст таъсис дода мешаванд, ки ҳунармандон аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти онҳо корбарӣ ҷараён дошта, барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд нуқтаҳои алоҳида намоиш ва фурӯш ташкил карда шудаанд.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳунарҳои авлодии кордсозӣ, пойафзолдӯзӣ, гаҳворасозӣ, кашидадӯзӣ ва адрасбофӣ мавҷуд буда, ҷиҳати ривоҷу равнақ додани он тадбирҳо андешида мешаванд.
Ҳунармандони шаҳри Хуҷанд дар фестивалу форумҳои самти ҳунармандӣ дар шаҳрҳои Остона, Алма-ато, вилояти Туркистон ва шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон, Бокуи Ҷумҳурии Озарҷойбон, шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Қӯқанд, Тошканд, Намангон, Марғилон иштирок намуда, аз таҷрибаи ҳунармандон-иштирокдорони фестивалҳои байналмилалӣ дар истеҳсоли армуғонҳо ва маҳсулоти дастӣ васеъ истифода мебаранд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ низ баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 апрели соли 2021, №142 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025” 40 адад гранти Раиси шаҳр, аз ҷумла, 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ пешбинӣ гардида, то ин дам ба комиссияи грантҳои Раиси шаҳр 70 лоиҳаи дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, гулпарварӣ ва амсоли инҳо ворид гардид. Лозим ба ёдоварист, ки беҳтарин лоиҳаҳо ба комиссияи грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳод шуда, шумораи зиёди занони бешуғл дастгирӣ карда шуданд.
Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар вазъияти тантанавӣ ба 40 нафар бонувони ҳунарманд Гранти Раиси шаҳр супурда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







