05 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, молиячиёни шаҳрро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
Фирдавс Шарифзода зимни таҳният аз ҷумла афзуд, ки ҳамасола таҷлил гардидани Иди молия, ин пеш аз ҳама эътироф намудани аҳамияти касби молиячиён ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти молиявӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатдорӣ мавқеи идоракунии молияи давлатиро муайян намуда, зимни яке аз суханронии худ зикр намуданд, ки "Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафманди Ҳукумати мамлакат, инчунин, амалисозии ислоҳот дар идораи молияи давлатӣ Вазорати молия ҳоло ҳамчун як сохтори салоҳиятдор бо вазифаю уҳдадориҳои мушаххас фаъолият карда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла андозу буҷет, заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияро таъмин намуд. Аз ҷумла, қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, назорат ва аудити дохиливу берунӣ қабул гардиданд".
Дар доираи ислоҳоти сиёсати минбаъдаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки афзалиятнокии онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ муайян намудаанд, равона мегардад.
Самти ислоҳот дар доираи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030 ҷиҳати рушди идоракунии молияи давлатӣ барои пурра ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ, такмил додани маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани дараҷаи шаффофият, қобилияти пешгўйи низоми андоз, рушди ғайримутамарказонии фискалӣ, ҳисоботдиҳӣ тавассути таъминот бо маълумоти дастрас, аз ҷумла, бо роҳи фарогирии амалиёти квазифискалӣ дар ҳисоботи молиявӣ, беҳтар намудани назорати парламентӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди буҷетикунонӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок равона гардидааст.
Дар охири табрикоти худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба аҳли молияи шаҳр дар ҷодаи кору фаъолият муваффақиятҳо орзу намуд.
Шӯҳрат Искандарӣ, сардори раёсати молияи шаҳри Хуҷанд аз ин таваҷҷуҳу иқдоми роҳбарияти шаҳр истиқбол намуда, миннатдории ҷомеаи меҳнатиро ба шаҳрдор расонд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







