04 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Омӯзгори литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ"-и шаҳри Хуҷанд Сабрина Маҳмадраҷабзода дар номинатсияи "Адабиёти классикии тоҷик" дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот сазовори ҷойи аввал гардид ва бо диплом, Ҷом ва инчунин ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 70 000 сомонӣ қадршиносӣ шуд!
Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни имсола 94 нафар ғолиб гардида, чор нафари онҳо соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.
Натиҷаи озмун нишон медиҳад, ки ба озмун кӯдакон ва наврасон бештар таваҷҷуҳ намуда, ба китобу дониш рӯ овардаанд. Ғолибияти 57 нафари онҳо дар даври ниҳоии озмун гувоҳи ин гуфтаҳо аст. Аз ҷумла, 3 гирандаи Шоҳҷоиза хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳастанд. Ба ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтҳоро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд.
Ин пирӯзӣ ба литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" ва барои тамоми аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд муборак бошад!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







