05 Ноябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Таҳти чунин унвон дар МТТ №14-и шаҳри Хуҷанд маҳфили идона бахшида ба 31 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Аҳли тарбиятгирандагон ва мураббиёни кӯдакистони №14-и шаҳри Хуҷанд доир ба Конститутсия шеъру суруд ва гуфторҳо қироат намуданд. Рақсҳои ҷолиб намоиш дода шуд.
Таъкид шуд, ки Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф карда, ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. То ин вақт беш аз 20 Кодекс ва зиёда аз 400 қонуни умумию соҳавӣ ва миллӣ қабул гардиданд, ки дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муассир мегузоранд.
Нахустин Конститутсияи Тоҷикистони мустақил ҳамчун санади сарнавиштсоз дар эъмори давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.
Конститутсияи Тоҷикистон дар худ ормони тоҷиконро инъикос намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, мушараф гардидан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, фароҳам овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







