(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №25-и ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Мадина Салимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар замони Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илмҳои дақиқ, рӯ овардан ба технологияи муосири таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷойгоҳи махсус дошта, Роҳбари давлат борҳо дар мулоқот бо аҳли маориф зарурияти омода кардани мутахассисони касбии соҳаро амри воқеӣ медонанд. Чунончӣ дар яке аз баромадҳояшон зикр доштанд: “Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”.
Воқеан барои рушду такомули илмҳои дақиқ, техникаву технология дар фосилаи 34 соли соҳибистиқлолӣ корҳои азиме ба сомон расонида шуда, Ҳукумати мамлакат бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав ва махсусан рушди соҳаи саноат дар кишвар, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд. Ҳамчунин ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардид.
Ҳадафи Пешвои муаззами миллат бо роҳандозии тадбирҳои мазкур пеш аз ҳама омода кардани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки иқтидори истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Ба мамалакат мутахассисоне лозим ҳастанд, ки аз лиҳози касбият, дониш ва нерӯмандӣ тавонанд бо технологияи муосири идоракунӣ кор карда тавонанд.
Сипас директори МТМУ №25 Раъно Юнусова дар мавзуъи “Технологияи муосири таълим-омили рушди маҳорати касбии омӯзгор” баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавон омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзиро бештар талқин намоем. Зеро ояндаи миллат, пешрафт ва шукуфоии он аз чунин ҷавонони қобилиятнок ва соҳибистеъдод вобастагии калон дорад.
Таълим ва тарбия намудани ҷавонон яке аз омилҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда аз тарафи волидон ва омӯзгорон сурат гирифта бо ҳам робитаи ногусастани дорад. Омили дигаре, ки асосгузори мушкилоти омӯзишӣ, ки дар кишварҳои мухталиф мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад, ин технологияи инноватсионии таълим ба шумор меравад.
Технологияи инноватсионии омӯзиш аз таҷҳизоти таълимӣ аёнии бевосита ва бавосита, ки масъулини он омӯзгор аст тавассути технологияи инноватсионии омӯзиш арзёбӣ карда мешавад. Технологияи инноватсионии таълим аз мафҳуми назария, амалия ва дастурамалҳое, ки аз ҷиҳати илмӣ дуруст рӯи кор баромадааст зарур шуморида мешавад.
Сипас, машғулиятҳои кушод аз ҷониби омӯзгорони МТМУ №25 баргузор гардид, ки роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр онро мушоҳида ва таҳлилу баҳогузорӣ намуданд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона бахшида ба 31 солагии Конститутсия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...