10 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 9.10.2025 вохӯрии масъулин бо сокинон ва фаъолони махаллаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣи мудири шуъбаи кор бо маҳалҳои дастгоҳи раиси шаҳр Мурод Раҷабов, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, намояндаи шуъбаи дар шаҳри Хучанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шаҳром Бахтиёрзода ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.
Дар мулоқот доир ба самтҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб ибрози назар гардид.
Гуфта шуд, ки мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд ва ин мақсадҳо бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ амалӣ гардонида шаванд.
Ҳар фарди ватандӯст ва шаҳрванди асил дар асри ҳозира бояд дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ андешаҳои таҳмилиро сари вақт дарк намуда, аз интишори он ҷилавгирӣ намояд ва нагузорад, ки ин беморӣ аз нав ба шаҳрвандон сироят кунад.
Дар мулоқот масъулин ҷиҳати вусъати фаъолият дар самти пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ вазифадор гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







