08 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Аз 6 то 10 октябри соли 2025 дар Литсейи инноватсионии “Ҷавонӣ”-и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишии сатҳи байналмилалӣ оид ба азхудкунии нозукиҳои илми роботтехника ва зеҳни сунъӣ (AI) бо ҷалби мутахасисони варзидаи хориҷӣ баргузор гардида истодааст.
Ин семинар дар асоси қарордоди ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии робототехникии “Роботек” -и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шудааст.
Беш аз 20 нафар хонандагони Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" ва омӯзгорон дар ин чорабинии муҳими таълимӣ ширкат меварзанд.
Семинарро Олжас Айтжанов, мураббии тими Қазоқистон оид ба роботтехника ҳамзамон роҳбари бахши роботтехникаи варзишии Мактаби байналмиллалии роботехникии "Роботек"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Эдуард Тренкеншу, мураббии калони ҳамин муассиса аз Ҷумҳурии Қазоқистон роҳбарӣ менамоянд.
Тибқи иттилоъи директори Литсейи инноватсионии “Ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода омодасозии хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ дар самти роботтехника ва зеҳни сунъӣ (AI) аз ҳадафхои асосии баргузори ва омодасозии хонандагон маҳсуб меёбад.
Лозим ба таъкид аст, ки соли таҳсили 2025 - 2026 дар кишварҳои Итолиё, ИМА, Сингапур ва Қазоқистон баргузории олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмиллалӣ дар риштаи роботтехника дар назар дошта шудааст.
Семинари мазкур ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои амалӣ равона гардида, ба рушди тафаккури техникӣ ва эҷодии хонандагон такон мебахшад.
Ҳамчунин семинари мазкур иқдом баҳри амалисозии Барномаи давлатии рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ барои солҳои 2020–2040 мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳама баромадҳои худ доимо ба аҳамияти баланд бардоштани сифати таълим, тавсеаи технологияҳои муосир ва ҷалби ҷавонон ба илмҳои табиатшиносӣ таъкид менамоянд. Чунин семинарҳо амалан ҷузъи татбиқи “Солҳои рушди саноат (2022–2026)” низ мебошанд, зеро саноати муосир бе робототехника ва зеҳни сунъӣ тасаввурнопазир аст.
Қобили қайд аст, ки филиали расмии Мактаби байналмилалии “Роботек” -и Ҷумҳурии Қазоқистон дар пояи Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" фаъолият дорад, ки яке аз аввалин муассисаҳои таълимии дорои чунин имкониятҳо дар кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби намояндагони ин мактаби байналмилалӣ ба Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" ду бастаи таҷҳизоти роботсозӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ тақдим карда шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки моҳи апрели соли сипаришуда, 8 дастаи хонандагони Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалии робототехникии “Robotek Grand Tournament” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон иштирок намуда, ғолибият ба даст оварда бо ҷоизаи махсуси ин олимпида сарфароз гардида буданд. Ин дастовард бори дигар гувоҳи он аст, ки хонандагони тоҷик қобилияти рақобат дар сатҳи ҷаҳониро доранд.
Гуфтанист, ки семинари байналмиллалӣ санаи 10 октябр натиҷагирӣ карда шуда, дар охири семинар ба иштирокчиён СЕРТИФИКАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ супорида мешаванд, ки заминаи боэътимод барои иштирок дар озмунҳо ва шомил шудан ба барномаҳои илмии хориҷӣ мегардад.
Ҳар як хонандаи имрӯзаи тоҷик — муҳандис, ихтироъкор ва навовари оянда аст.
Ин гуна ташаббусҳо муҳити илмиро дар мактабҳо тақвият мебахшанд ва ба амалӣ шудани ормонҳои миллӣ дар роҳи пешрафт ва истиқлоли фикрӣ мусоидат мекунанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







