03 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ №25-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои муаллим-мураббия, бахшида ба Рӯзи омӯзгорон маҳфили идона баргузор шуд.
Тарбиятгирандагони муассиса бо роҳбаладии мураббиёни худ доир ба муаллим, омӯзгор, мураббия шеъру суруд ва таронаю гуфторҳои ҷолиб ироа намуданд.
Рақсҳои мавзун ҳадяи кӯдакон барои мураббиёнашон буд. Саҳнаҳои ҷолиб аз ҳаёту рӯзгори мураббиён намоиш дода шуд.
Таъкид гардид, ки Рӯзи омӯзгор на танҳо ҷашни касбии кормандони соҳаи маориф аст, балки рамзи арҷгузорӣ ба заҳмати зиёди муаллимонест, ки онҳо воқеан барои тарбияи наслҳои наврас ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ба таъбири дигар, омӯзгор шахсияти худогоҳ ва масъулиятшиносест, ки рисолати бузурги маърифатпарвариро бар дӯш дорад. Маҳз, тавассути заҳмати омӯзгорон инсонҳо донишу ҳунар меомӯзанд, маънавият ва ҷаҳонбинии илмӣ пайдо мекунанд ва ба сӯйи камолот роҳ меёбанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки: «Муаллим меҳвари асосии таълиму тарбия ва таҳкими пояҳои ҷомеа мебошад».
Ин суханҳо масъулияти бузурги омӯзгорро боз ҳам равшантар месозанд. Зеро ҷомеае, ки ба муаллим арҷ мегузорад, ояндаи дурахшону пешрафта дорад. Боиси сарфарозист, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои боло бурдани мақому манзалати омӯзгор пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, ҳамасола баланд бардоштани музди маош, таъсиси мукофоту ҷоизаҳо, беҳтарсозии шароити таълим ва татбиқи барномаҳои нави давлатӣ нишони дастгирии омӯзгорон мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







