03 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон дар литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии "ПАҲЛАВОНИ НАВРАС" баргузор гардид.
Мусобиқа тибқи нақша чорабиниҳои якҷояи шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқа ҷавонони синни то даъватӣ хонандагони синфҳои 10-11-уми муассисаҳои таълимӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқа тибқи низомнома аз рӯи 5 шарт доир гардида, дар он ҷавонони 20 муассисаҳои таълимӣ иштироки фаъолона намуданд.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа таъкид гардид, то ҷавонони далеру ватандӯсти мо аз мактаби шуҷоату мардонагии падару бобоёни қаҳрамонамон сабақи зиндагӣ бардошта, бо эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва сулҳпарвариву башардӯстӣ барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими дӯстӣ пайваста талош варзанд
Ҳамин тавр, натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа чунин гардид:
Ҷои 1 - Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимӣ
Ҷои 2 - Мактаби хусусии "Ганҷ"
Ҷои 3 - Гимназияи 1 ба номи Раҳим Ҷалил
Ҷои 3 - Мактаби ба номи А.П.Чехов.
Ғолибон бо камарбанд, ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотирвӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







