17 Сентябр 2025
Санаи 16-уми сентябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулин бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва волидайни онҳо баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва баромад намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин аз иштирокдорон ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷавонон, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр - ободу зебо гардидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳамагуна шаклҳои зўроварӣ дар оила, ташаккули муҳити солими оилавӣ, мусоидат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил ва ғайра даъват ба амал оварда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







