26 Август 2025
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва бунёди биноҳои истиқоматии баландошёнаю маъмурӣ дар шаҳри Хуҷанд навсозиву ташкили инфрасохтори зарурӣ низ ба роҳандозӣ гардидааст.
Дар ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ва масъулини соҳаи обу корез лоиҳаи сохтмони хатти ташноб дар маҳаллаҳои 14, 15 ва 16 муаррифӣ гардида, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида шуд.
Тибқи маълумоти масъулин, дарозии умумии хатти нави ташноб 1800 метрро ташкил дода, қубурҳои муосири дорои қутри 500 мм истифода хоҳанд шуд. Маблағгузории лоиҳа бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми ширкатҳои ватании сохтмонӣ, ки дар ин маҳаллаҳо биноҳои баландошёна бунёд мекунанд, амалӣ мегардад. Бо анҷоми корҳо дар маҳаллаҳои зикршуда хатти ташноб фаъол шуда, вазъи беҳдоштӣ ва шароити зисти сокинон ба маротиб беҳтар хоҳад шуд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти мухталиф, аз ҷумла биноҳои истиқомативу хизматрасонӣ вусъати тоза пайдо кардааст. Дар баробари ин, тамоми инфрасохтор тадриҷан такмил меёбад. Чунончи, айни замон дар шаҳр лоиҳаҳои навсозии хатти обу ташноб дар хиёбони Раҳмон Набиев, кӯчаи Мақсудҷон Танбурӣ ва назди Маркази саратоншиносӣ татбиқ шуда истодааст.
Иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби КВДК «Хуҷандобуканал» бо ҷалби ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.
Зимни шиносоӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







