23 Август 2025
Cубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка фаровонии маҳсулот ба мушоҳида мерасид. Нархи 30 дона тухм 23-33 сомонӣ, як кило пиёз, сабзӣ, ангур 2 сомонӣ, як дона тарбуз 10 сомонӣ, 5 литр равған 70 сомонӣ, 10 кило орд 40 сомонӣ, як кило макарон 8 сомонӣ, як кило биринҷ 14 сомонӣ, як кило гӯшти мурғ 25-28 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буданд. Маҳсулоти полезӣ фаровон буда, сокинон аз ташкили чунин ярмаркаҳо изҳори хушнудӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъанаа даромадааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







