20 Август 2025
Имрӯз дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода ва роҳбарону масъулини муассисаҳои таълимии шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.
Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо дастоварди муҳассилини макотиби шаҳр аз наздик шинос шуда, ба ихтироот ва эҷодиёти хонандагон баҳои баланд дода, онҳоро баҳри боз ҳам омӯзиши амиқи илмҳои замони муосир, дӯст доштани Ватан, содиқона хизмат намудан ба миллат, бо дониши аълою ахлоқи намунавӣ хатм кардани муассисаи олӣ ва дар оянда ҳамчун мутахасиси баландихтисос ба воя расидан ҳидоят намуд.
Сипас дар толори МТМУ №28 машварати августии кормандони соҳаи маориф ба кори худ оғоз намуд.
Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар мавзуъи “Фаъолияти шуъбаи маориф ҳамчун мақомоти маҳаллии соҳа дар рушд ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия” маърӯза намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори таҷлили бошукўҳи ҷашни фархундаи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рўҳияи баланди худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ фаъолияти назарраси худро баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас вусъати комил бахшида, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардиданд.
Ҳамасола бо мақсади амалишавии “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” дарёфти хонандагони болаёқат, худогоҳу хештаншинос, озмуни “Хонандаи сол” баргузор карда мешавад. Дар давраи аввали озмун аз 52 муассисаҳои таълимӣ 1 006 нафар толибилмон ширкат варзида, ба даври дуюми он 50 нафар роҳхат гирифтаанд. Даври дуюми озмуни шаҳрии “Хонандаи сол-2025” дар МТМУ№19 баргузор гардид, ки дар натиҷа хонандаи синфи 10-и Литсейи назди донишгоҳи политехникӣ Мухлиса Комилҷонова сазовори мақоми аввал гардид.
Боиси хурсандист, ки дар соли таҳсили 2024-2025 хонандаи синфи 11 –и гимназияи ба номи Ё.В.Гёте Хусрав Бобоҷонов барандаи идрорпулии байналмилалии DAAD дар соли 2025 гашта, соҳиби 56 000 евро шуд.
Тибқи иҷрои талаботи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои ба амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” фармоиш ва нақшаи чорбинии шуъба, ба тавсиб расида, аз рӯйи он як зумра корҳои судманд ба анҷом расонида шуданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ ба тарбиятгирандагон бо истифодаи воситаҳои техникӣ, маводҳои айёнӣ, фиттаҳои омӯзишӣ, маводҳои намоишӣ ва тақсимотӣ таълиму тарбия медиҳанд.
Дар даври шаҳрии Озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон- Парвина Абдураҳмонова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №3 пирӯз гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.
Таъкид шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти тарбиятгирандагон, ташаккули ҷаҳонбинии онҳо, худфаъолияти ҳисси ифтихори миллию ватандўстӣ, тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, бахшида ба рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар муассисаи таҳсилоти томактабии №6 озмуни “Донояк” гузаронида шуда, дар озмун 34 нафар тарбиятгирандагон аз муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд, иштирок намуданд. Ҷойи аввал насиби тарбиятгирандаи муассисаи таҳсилоти томактабии №14 Марямхон Умарзода гардида, дар озмуни вилоятии “Шукуфаи Истиқлол” иштирок намуда, сазовори Шоҳҷоиза гашт.
Шуъбаи маориф ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурўғи маърифат” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз талош менамояд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурўғи маърифат” тибқи низомнома корбарӣ намуда, ҷиҳати ҷалби ҳарчӣ бештари омўзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ чораҳои мушаххас андешида шуд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 даври шаҳрии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 1 445 нафар хонандагон иштирок намуданд. Дар натиҷа 75 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 43 нафар хонандагон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз муассисаҳои таълимии миёна 8091 нафар хонандагон дар даври дуюм иштирок намуда, ба даври вилоятӣ 96 нафар хонандагон роҳхат гирифтанд.
Шаҳноза Мақсудзода доир ба дигар паҳлуҳои фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дод.
Сипас дар музокира Меҳринисо Қурбонзода, сарвари МТМУ №20, Санобар Усмонова, сармуррабии МТТ №1 ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, омӯзгори собиқадор Матлуба Муинова баромад намуда, андешаҳои хешро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баён доштанд.
Дар ҷараёни кори машварат сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳамагон аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доранд ва хуб дарк мекунанд, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Боиси сарфарозии аҳли маориф аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ ва миёнаи умумӣ” бо ҷалби соҳибкорон санаи 30 марти соли 2025 дар маҳаллаи “Ваҳдат” муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ “Навбаҳор”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳо дастовардҳо дар соҳаи маориф тайи солҳои охир хеле назаррасанд. Имрўз хонандагони мактабҳои мо дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, эътироф ва қадрдонӣ карда мешаванд. Ин ҳама натиҷаи заҳмати холисонаи омўзгорон аст.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳр пешрафти хонандагон зери назорати махсус қарор дода шуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати маърифатомўзии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дастаи мактаббачагони шаҳр (хонандагони синфҳои 5-11) дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 314 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардида, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, хонандагон соҳиби 154 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз он ҷумла,16 нафар соҳиби медали тилло, 26 нафар соҳиби медали нуқра ва 111 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, ки дар миқёси вилоят шаҳри Хуҷанд дар ҷойи якум, нишондиҳандаи беҳтаринро сазовор гардид.
Дар Олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ дар соли таҳсили 2024-2025, 1054 нафар хонандагони лаёқатманди шаҳр ширкат варзида, ҳамаи онҳо ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар олимпиадаи “Spelling Bee” даври ҷумҳуриявӣ 6 нафар хонандагони муассисаҳои шаҳр иштирок намуда, 2 нафар сазовори ҷойи 3 гаштанд.
Дар олимпиадаҳои байналмилалии “Глобус”, “Тинигил”, “Ҳиппо”, “Кенгуру”, “Ҷаутников”- 1276 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, ба гирифтани 204 ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Дар олимпиадаи ҳузурии “Тинигил”, ки дар кишвари Малайзия баргузор гардид, ду нафар хонандагони МТҒ “Гулчини маърифат” соҳиби як ҷойи 1, ду ҷойи – 2, ду ҷойи -3 ва ифтихорнома гардиданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар баромади худ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонписарон, таблиғу ташвиқ доир ба хизмат ба Ватан, ба роҳ мондани робитаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо афсарони қисмҳои ҳарбӣ ва ғайраҳо масъулинро вазифадор намуд.
Ҳамчунин шаҳрдор барои тақвият бахшидани равобити оилаву мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак», дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, беҳтар намудани ғизонокии хўроки тарбиятгирандагони кўдакистонҳои шаҳр масъулинро муваззаф намуд.,
Дар анҷоми суханронии худ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз аҳли маорифи шаҳр даъват ба амал овард, ки мо бояд ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдонамон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор бошем.
Сипас ба як қатор омӯзгорон ва собиқадорони соҳа унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд ва Раёсати маорифи вилоят тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







