20 Август 2025
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар толори китобхонаи МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати хайрхоҳию некандешӣ, дастгирии беғаразонаи ятимону ниёзмандон ва барҷомондагон ба 25 нафар ятимони кул, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суҳбати самимӣ бо хонандагон гуфт, ки Сарвари давлат ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат бо кӯдакони ятим мулоқот доир менамоянд. Барояшон дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, аз номи Роҳбари давлат ба онҳо туҳфаҳо супорида мешаванд, ки аз сару либос, пойафзол, китобҳо ва анвои ширинӣ иборатанд. Маблағи муайян низ ҳамчун кумаки молиявӣ ба онҳо дастрас карда мешавад. Ин ҳама ғамхории раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат нисбати ин қишри ҷомеа барои фардои дурахшони онҳо нигаронида шудааст. То ба воя расидани ятимон Давлату Ҳукумат ҳамеша кӯмакрасон буда, онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад.
Таъкид шуд, ки дастгирии ятимону бепарасторон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамеша ба онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ расонда мешавад. Марҳила ба марҳила таҳким бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор дода мешаванд, то ин ки дар оянда ҳамчун шахсони комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 25 нафар ятимони кул, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







