20 Август 2025
Дар партави сиёсати инсонпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли чанде аз собиқадорони меҳнат хабар гирифт.
Раиси вилоят аз ҷумла ба дидорбинии Хосият Зокирова, Марҳамат Сайдуллоева ва Шарифҷон Комилов рафта, бо онҳо суҳбат анҷом дод.
Хосият Зокирова – собиқадори хизмати давлатӣ ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Марҳамат Сайдуллоева собиқадори соҳаи тандурустӣ аст, ки тамоми умри хешро ба пешрафти ин соҳа бахшидааст ва то ҳол фаъолияти босамар дорад.
Шарифҷон Комилов низ аз мутахассисони варзида ва соҳибноми соҳаи тандурустӣ мебошад, ки саҳмаш дар рушд ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ назаррас буда, дар баробари хизмат ба мардум шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо собиқадорон таъкид дошт, ки хизмати шахсоне, ки барои пешрафти соҳаҳои мухталиф меҳнат намудаанд, ҳамеша қадрдонӣ мешавад ва онҳо доимо таҳти ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.







