16 Август 2025
Содиқ ба касбу қасами хеш
Сокинони гиромии шаҳр, табибони арҷманд ва алоқамандони соҳаи тиб!
Ба хотири бузургдошти рўзи мавлуди асосгузори тибби ҷаҳонӣ, аллома ва файласуфи бузургу беназири олами Шарқ Абўалӣ ибни Сино рўзи 18-уми август ҳар сол чун анъана Иди касбии табибони тоҷик таҷлил мегардад.
Ин тадбир нишони эътибору эҳтироми Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рўз ҷон рўйи каф гирифта, баҳри ҳифзи солимии мардум талош меварзанд.
Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, собиқадорон, табибони ҳозиқ, ҳам-шираҳои шафқат ва кулли кормандони алоқаманди соҳаро бо иди касбӣ самимона муборакбод намуда, бароятон тани баофият, рўзгори ободу осуда, хотири ҷамъу болида ва дар кори пуршарафатон барору комёбиҳо хоҳонам.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд». Воқеан, ба соҳаи тандурустӣ, ки соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад, давлату ҳукумат таваҷҷўҳи доимӣ зоҳир менамояд ва муассисаҳои тиббиро бо техникаву таҷҳизоти замонавию пешрафта таъмин менамояд.
Дар ҳақиқат, рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиѓи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.
Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳр 17 муассисаи тиббии давлатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2119 корманди соҳаи тиб адои вазифа дорад. Аз ҷумла, 539 табиб ва 1212 ҳамшираи шафқат фаъолият намуда истодааст. 6 Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 46 табиби номӣ бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар номзади илми тиб, 3 нафар профессор ва 8 нафар дорандаи “Медали шафқат” мебошанд, ки бо номи ҳар нафари онҳо мо ифтихор мекунем.
Боиси зикр аст, ки ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо таҳкиму тавсеа ёфта истодааст. Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол шумораи муассисаҳои нави тиббӣ зиёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ ҷиҳозонида шуда истодаанд.
Дар ин радиф, ҳоло бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва дигар марказҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд, ки тўҳфаи арзанда ба аҳолии шаҳр ва атрофи он ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон маҳсуб меёбад.
Ҳамдиёрони азиз, кормандони тиб!
Бо бовари том метавон изҳор кард, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр дар савганди ёдкардаи хеш устувор монда, барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ намудани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, пешгирии интишори бемориҳои сироятӣ ва мустаҳкам гардонидани саломатии аҳолӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд ва дар рисолати хеш содиқ мемонанд.
Ҳамаи шумо – табибон, кормандони соҳаи тибро бори дигар бо иди касбӣ табрик мегўям ва дар кори пуршарафу пурмасъулиятатон барору комёбиҳои нав ба нави касбӣ таманно мекунам.
Тандурусту хонаобод бошед, табибон ва шифокорони азиз!







