15 Август 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати идома додани фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ва ҳодисаҳои номатлуб санаи 14-уми августи соли равон бо сокинони маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Муродҷон Раҷабов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров намояндаи шуъбаи амнияти шаҳри Хуҷанд Олимҷон Сабуров, намояндаи хадамоти муҳоҷират, намояндаи комиссариати ҳарбии шаҳр ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аз сокинони маҳалла ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ободу зебо гардидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр даъват ба амал оварда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот фаъолони маҳалла ба сухан баромада миннатдории худро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳнатҳои созанда ва бунёдкорона иброз доштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







