14 Август 2025
Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд байни тарбиятгирандагони кўдакистонҳои шаҳр мусобиқаи варзишии «Офарин» ҷараён дорад.
Ин навбат байни тарбиятгирандагони кӯдакистони “Шукуфаи Истиқлол” мусобиқаи варзишӣ хеле ҷолиб гузаронида шуд. Кўдакон бо маҳорати хуб тамоми шартҳои мусобиқаро иҷро намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар амал татбиқ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва обутобдиҳии бадани кўдакон ва Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 мебошад.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ташкили шароити мусоид барои фароғату истироҳати кўдакон дар муассисаҳои таълиии томактабӣ, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногун, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кўдакон дар тамоми муасссисаҳои томактабӣ ба реҷаи мависмии солимгардонӣ гузаронида шудааст.
Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти кўдакистони “Шукуфаи Истиқлол” номбурда мушоҳида ва арзёбӣ карданд.
Ба иштирокдорони мусобиқа сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







