14 Август 2025
Дар беморхони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемолии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд бо масъулини дахлдор ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гепатити навъи “А” ва бемории шадиди рӯдаю меъда баргузор шуд.
Дар мулоқот муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемолии вилояти Суғд Тахмина Усмонова ва сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемолии шаҳри Хуҷанд Азаматхӯҷа Воҳидов баромад намуда, аз ҷумла афзуданд, ки худи зардпарвин ҳолати хатарнок нест, балки нишонаи беморӣ ё бемории вазнинтар аст. Бемории зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ ва зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, дар он раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани билурубин халал меёбад.
Ба гуфти табибон, гепатити А давраи бемории аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ асосан 5-7 рӯз давом мекунад. Ҳарорати бадан то дараҷаи 38-39 дараҷа баланд шуда, то 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Дарди сар, бемадорӣ, эҳсоси хастагӣ, табларза, хоби нороҳати шабона нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Ҳамчунин ҳисси талхӣ дар даҳон пайдо шуда, баъзан қайкунӣ ва ҳиссиёти вазнинӣ пайдо мешавад. Ранги пешоб пас аз 2-4 рӯз тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ранги пешоб зардчатоби баланд шуда, наҷосат беранг мешавад. Гепатити Е мисли гепатити А ҷараён мегирад. Агар ба он занони ҳомила гирифтор шаванд, оқибати хеле вазнин дорад. Дар ин ҳолат зан бояд ҳомиладории худро ҳатман қатъ намояд, чунки тифли батнаш низ аз ин беморӣ сироят мешавад.
Зардпарвини вирусӣ беморие аст, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунравӣ ва дигар оризаҳо мешавад. Роҳи асосии пешгирӣ кардани ин бемориҳо- риоя кардани ҳолати гигиенӣ ва санитарӣ аст. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, тез-тез дастҳояшонро бо собун шустушӯ кунанд ва хӯрокро хуб пазанд.
Меваҷот, аз ҷумла тарбуз, сабзавот, маҳсулоти ширӣ барои зардпарвин дармони хуб мебошанд. Инҳо иштиҳоро афзуда, хусусияти пешоброниро зиёд мекунанд. Обҷӯш ё чойи мӯяки ҷуворимакка низ ба рафъи варами ҷигар даво аст. Хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд.
Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман бояд макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.
Барои пешгирии хурӯҷи бемориҳои рӯдаву меъда дар фасли баҳор қабл аз ҳама ба реҷаи хӯрокхӯрӣ риоя намуда, аз истеъмоли ғизоҳои сахт, бирёнӣ, серравған, турш, тунд, тез худдорӣ кардан лозим аст. Кӯшиш кунед, ки асабонӣ нашавед, зеро маҳз стресс ва асабоният боиси хурӯҷи бемориҳои меъдаву рӯда мегардад. Бо зуҳури нишонаҳои аввалини беморӣ аз қабили зардаҷӯш ва талхшавии даҳон фавран ба духтур муроҷиат намоед. Дар сурати пайдо шудани дарди шадиди халанда дар қисмати болоии шикам, паридани ранги рӯй ва арақи сард кардани бемор фавран ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед, зеро ин нишонаҳои захми меъда аст, ки дар хона табобат карданаш душвор мебошад.
Дарунравӣ яке аз бемориҳои мавсимӣ мебошад ва аз рӯи сироятёбӣ ё беморшавӣ дар кудакон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Барангезандаи бемориҳои меъдаю рӯда бактерияҳо, вирусҳо ва содатаринҳо мебошанд. Бояд донист, ки ҳамасола дар миқёси ҷаҳон аз рӯи нишондоди омори Ташкилоти умумиҷаҳони тандурустӣ 1,7 млд одамон гирифтори ин беморӣ мешаванд, ки қисми зиёди онҳо кӯдакон мебошанд. Аз ин 525 ҳазорашон мефавтанд. Масалан, дар ИМА ҳар сол 76 млн ҳодисаи беморӣ ба қайд гирифта шуда, 325 ҳазор мефавтанд, ки 1,6 фоизро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд таҳлили пурраи беморони бистаришуда гузаронида шуд бо волидайнашон суҳбатҳ сурат гирифтанд. Дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ аёдати кӯдакони то синни 14 солагӣ манъ карда шуд.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти мушаххас анҷом пазируст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







