13 Август 2025
Дар МТМУ№14-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварон, муовинон, равоншиносон, роҳбарони созмонони талабагӣ, идоракунии сифати таълим, маркази рушди истеъдодҳо ва дигар масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машварат баргузор гардид.
Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳа суҳбату машварат намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пиёда намудани сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Таъмиру азнавзосии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, дастгирии молии соҳибистеъдодҳо, ҳавасманднамоии ғолибони олимпиадаю озмунҳои байналмилалӣ ва ғайра аз тадбирҳои амалишуда дар ин самт ба шумор меравад.
Аз масъулин талаб карда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиҳати бо амри дилу виҷдон фаъолият намудан кӯшиш кунанд ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз тамоми василаҳо истифода намоянд.
Сипас дар синфхонаҳои алоҳида бо ҳузури роҳбарон ва масъулини сохторҳои гуногун, аз ҷумла сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр, муовинон, равоншиносон, сармуҳосибон, роҳбарони созмонони талабагӣ, идоракунии сифати таълим, маркази рушди истеъдодҳо, иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машваратҳои назариявӣ дар мавзуъҳои мухталиф гузаронида шуданд.
Аз ҷумла, дар бораи зарурати гузариш ба низоми баҳогузории 10 хола ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон, муносибати босалоҳият дар раванди таълим ва афзалияти он дар беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим, роҳбари синф ва нақши ӯ дар тарбияи ахлоқӣ ва худшиносии хонандагон, ҳамкории оила, муассисаи таълимӣ ва роҳбари синф дар таълиму тарбияи хонандагон, инноватсия дар ташкил ва гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, роҳҳои ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ, усулҳои истифодаи технологияи итилоотиву коммуникатсионӣ дар фаъолияти Созмони хонандагон, роҳҳои ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва дарёфти хонандагони болаёқат, нақши Шӯрои педагогӣ дар идоракунии раванди таълиму тарбия, методологияи таҳлили дарси омӯзгорон аз ҷониби роҳбарият ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва ғайра ироа ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







