31 Июль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид баҳри фароғату истироҳати кӯдакон дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд бардамгардонӣ, обутобдиҳии бадани кӯдакон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ҳамаи муассисаҳои томактабӣ ба реҷаи мавсими солимгардонии тобистона гузаронида шуда истодааст.
Тибқи нақша-чорабинии шуъбаи маориф байни тарбиятгирандагони муассисаи таълимии томактаби №20 чорабинии " Шоҳи обӣ" баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин дар амал татбиқ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва обутоб додани кӯдакон тариқи об, ҳаво ва офтоб мебошад.
Мусобиқаро намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти муассисаи таълимии томактабии №20 мушоҳида ва ба кӯдакон сипоснома ва туҳфаҳо тақдим намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







