(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳр чорабинии фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр, шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ва дигар масъулин иштирок намуда бо сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд вобаста ба баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва таъмини зиндагии солими шаҳрвандон маслиҳату машваратҳо доданд. ВАрақаҳои таблиғотӣ низ паҳн карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки омилҳои гирифторӣ ба бемориҳои гуногуни сироятию ғайрисироятӣ ин пеш аз ҳама ғизои номунтазаму якхела, камвитаминӣ, хастагӣ, гармии аз ҳад зиёд, таъсири сармо, риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва дур шудан аз тарзи ҳаёти солим мебошанд.
Дар байни аҳолӣ гирифторӣ ба бемориҳои ғайрисироятӣ низ бештар гардидааст. Яке аз онҳо ин бемории фарбеҳӣ мебошад. Фарбеҳӣ дар инсон боиси пайдошавии диабети қанд, фишорбаландӣ, сактаи дил, сактаи майнаи сар, васеъшавии рагҳои хунгард ва бисёр бемориҳои дигар мегардад.
Фарбеҳӣ инчунин ба фаъолияти кории инсон таъсири манфӣ расонида, ба асабонишавӣ ва фаромӯшхотирӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ, пеш аз ҳама, ба истеъмоли аз меъёр зиёди маводи ғизоӣ ва риоя накардани тарзи ҳаёти солим вобастагӣ дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нишондиҳандаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, солимии ҷомеа асосан, яъне 55 фоиз аз худи аҳолӣ, 18 фоиз аз муҳити зист, 17 фоиз аз ирсият ва 10 фоиз аз сохторҳои тандурустӣ вобаста мебошад.
Ғайр аз бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили диабети қанд, фишорбаландӣ, бемориҳои дилу раг ва саратони узвҳо низ сол аз сол домани бештари аҳолиро фаро мегиранд. Омилҳои асосии ин бемориҳо -ғизои носолим, камҳаракатӣ, стресс, сигоркашӣ ва машрубот мебошанд. Пешгирии онҳо танҳо тавассути интихоби тарзи ҳаёти солим ва назорати саривақтии вазъи тиббӣ имконпазир аст.
Зикр гардид, ки бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши истеъмоли маҳсулоти фурӯшӣ, хатари заҳролудшавии аҳолӣ низ меафзояд. Махсусан нӯшокиҳои газдор ва ғизоҳои дар шароити номусоид нигоҳдошташуда сабаби зиёди заҳролудшавӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар мавсими сармо истифодаи нодурусти ангишт ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ метавонад боиси заҳролудшавии хонаводагӣ гардад. Ҳушёрӣ ва риояи қоидаҳои одии истифодаи ғизо ва сӯзишворӣ метавонад ҳаёти инсонро наҷот диҳад.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати пешгирии чунин бемориҳо аз ҷониби маркази санитарию эпидимологии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ корҳои оммафаҳмониро миёни аҳолӣ пурзӯр гардида, маърифати мардум дар ин самт боло бурда хоҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...