19 Июл 2025
Субҳи имрӯз чун анъана дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор гардид, ки дар ин рӯз 25 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳар як муроҷиат дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар рӯзи қабули шаҳрвандон Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Олим Маҳмудзода ва дигар масъулин иштирок доштанд.Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, ободии маҳал, таъмин бо ҷойи кор, таъминот бо манзили истиқоматӣ ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







