Фирдавс Шарифзода: “Неъматулло Мирсаидов журналисте, ки ба касбу кор ва меҳани худ ҳамеша содиқ аст”
28 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, журналисти собиқадор, забардаст ва меҳанпарвар Неъматулло Мирсаидов аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода аёдат ва ба эшон номаи табрикотии шаҳрдор ва туҳфаи хотиравӣ ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 70-умин баҳори умри пурфайзаш расонида шуд.
Тавре, дар номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода омадааст: “Ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Шумо намунаи олии хизмати бовиҷдонона ва садоқат ба Ватан, халқи азизи меҳан буда, барои ҳамкасбону шогирдон намунаи ҳақиқии ибрат аст. Шумо дар солҳои барои халқу Ватан тақдирсоз, аз ҷумла солҳои 1992-1993 ба ҳайси директори барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон”, солҳои 1993-1995 ба ҳайси директори филиали тоҷикистонии ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “МИР” фаъолият намуда, дар инъикоси фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу ваҳдат ва сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ саҳми назаррас гузоштаед. Имрӯз низ чунин рисолатро сарбаландона анҷом медиҳед”.
Таъкид шуд, ки дар ҷомеа, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллатҳои мухталифи олам илму ҳунар нақши асосӣ дорад. Маҳз донишу ҳунар, мероси илмиву маънавии эҷод намудаи ин қабил бузургон барои рушду нумўи давлатҳо мусоидат кардааст. Тоҷикон низ бо бузургони хеш ифтихору сарбаландӣ доранд. Мо бисёр ифтихор дорем, ки имрўз дар қатори бузургон рўзноманигори варзида Неъматулло Мирсаидовро ном мегирем. Шумо шахси номвар дар ҷодаи рўзноманигорӣ, дар рушди матбуоти тоҷик саҳми арзанда гузоштаед. Бо мақолаҳои пурмазмун ва ҷолибу тозаэҷоди худ дар дили ҳазорҳо хонандагону шогирдон маъво гирифтаед. Барои пешбурди соҳаи матбуоти тоҷик саҳми арзанда дошта, дар ҷодаи таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми босазо мегузоред.
Неъматулло Мирсаидов аз ин иқдому таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ болида гардида, ба Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







