23 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омӯзгорон ва волидайни муҳассилин бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони "Ҳоло, ки ман ҷавонам..." баргузор шуд.
Сарвари гимназия Манзура Муинзода ҳамагонро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Маҳз сиѐсати сулҳпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллатамон буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиѐсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиѐсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расонида шуд, ки бо мурури замон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиѐсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардид.
Сиѐсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои калидии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа дар сиѐсати худ таваҷҷуҳи асосиро равона месозанд. 23 майи соли 1997 дар мулоқот бо ҷавонон Пешвои миллат қайд намуда буданд, ки “Ҷавонон, ки 70 фисади аҳолии ҷумҳурианд, неруи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаѐти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз неруи азим чи тавр истифода бурда мешавад. Ин неру метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзандабоз ҳам”.
Ояндаи давлату миллат ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон – дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъоланд, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд.
Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, баҳри ободонӣ ва пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бояд бошанд.
Сипас ба волидайни як қатор хонандагон Сипосномаи гимназия тақдим гардид.
Барномаи фарҳангии идона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







