23 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Рўзи ҷавонӣ-баҳори зиндагонӣ!
Ҷавонони саодатманд, шаҳрвандони арҷманд!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқот- ҳояшон бо ҷавонони кишвар иброз доштанд, ки «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерўи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад».
Баҳри дастгирӣ ва пуштибониҳои ҷавонон ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол рўзи 23-юми май Рўзи ҷавонон эълом гардидааст ва ба ин муносибат тадбирҳои зиёди идона дар доираи “Ҳафтаи ҷавонӣ” ба монанди “Хонандаи беҳтарини сол”, “Донишҷўйи беҳтарини сол”, “Олими ҷавон ва ихти роъкори беҳтарини сол”, “Дави миллӣ” ва даҳҳои дигар андешида ва амалӣ карда мешаванд. Дар ин сабқат беҳтаринҳо муайян ва қадр мешаванд.
Ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли ҷавонони саодатманди замон ва сокинони сарбаланди шаҳрро бо Рўзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегўям, барояшон таҳсили хубу аъло, тарбияи неку шоиста, барори кору осудагии рўзгор ва парвозҳои баланд хоҳонам.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сўи ояндаи босубот қадамҳои устувор мегузорад ва дар ин раванд таваҷҷўҳ ба қишри ҷавони ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Воқеан ҳам, ҷавонони ғаюру шуҷои мо ин масъулияти хешро хуб дарк мекунанд ва дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саъю талош меварзанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони донишҷўву ихтироъкор, ватандўсту меҳанпарвар, соҳибкору варзишгар, мутахассису ҳунарманд ифтихор ва ташаббусҳои созандаи ононро ҷонибдорӣ мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Хизмат ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад». Воқеан, дар ин рўзҳо ҷавонони Хуҷандшаҳр бо ҳисси баланди миллӣ ва масъулияти ватандорӣ ба сафҳои Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳ пайваста истодаанд.
Таъсис ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат”, “Шоҳномахонӣ” ва амсоли онҳо барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, санъатдўсту зебоипараст тарбия ёфтани онон, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи онҳо, кашфи истеъдодҳо равона гардидааст.
Таъсиси идрорҳои Президенти кишвар, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр барои мактабиёну ҷавонони донишҷўву фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сол дар остонаи Рўзи ҷавонон сазовортарин ҷавонон ба гирифтани ин гуна идрорҳо шарафёб гардида истодаанд.
Мо бо ҷавононе, ки имрўз дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявиву ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд, ифтихор мекунем ва барои дастгирии минбаъдаи онон талош меварзем.
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд чун фарзандони асили миллат марзу буми Ватани азизи худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд, ба қадри ин кишвари биҳиштосо мерасанд, барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ заҳмат мекашанд ва бо кору пайкори хеш идомаи неки падарони шуҷоу модарони арҷманд мегарданд.
Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро бори дигар ба кулли мардуми шаҳр, ҷавонон ва наврасон шодбод мегўям. Бигузор шаҳру кишвари мо ҳамеша дар саргаҳи сулҳу амонӣ, пешрафту тараққиёт қарор дошта бошад ва ваҳдати ҷавонони Тоҷикистон ҷовидон пойбарҷо монад.
Рўзи ҷавонию баҳори зиндагонӣ муборак, ҳамдиёрон!







