22 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз дар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷаласаи Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳр ва дар марҳалае баргузор шуда истодааст, ки сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон, дар партави роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Суғд, аз ҷумла ба шаҳри Хуҷанд баён карданд, кору фаъолият мебаранд.
Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар нахустин ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27 майи соли 2016, дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, таъкид карданд, ки ҳадаф аз таъсиси Шўро мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Сипас мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров баромад карда, доир ба корҳои анҷомшуда ҳисобот манзур намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр якҷоя бо сохторҳои дахлдор баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалӣ андешид.
Дар ин радиф қарори Раиси шаҳр аз 16 октябри соли 2015, №742 «Дар бораи таъсис додани Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд» ба тавсиб расонида шуда, амалӣ гардида истодааст.
Ҷиҳати татбиқи қарори мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, давоми соли 2024 ва панҷ моҳи соли 2025 дар самти тақвият бахшидани фаъолият ва дуруст ҳидоят намудани ҷавонон, гирифтани пеши роҳи бегонапарастию гаравидани онҳо ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ва ҷалби нерӯи ҷавонон ба равандҳои созандагиву бунёдкорӣ силсилаи чорабиниҳо аз қабили мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Дар ин давра, аз ҷониби масъулин ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ як қатор озмунҳои шаҳрӣ дар мавзӯҳои «Зинда бош, эй Ватан», «Конститутсия – рамзи ягонагӣ», «Суруди миллӣ – ифтихори миллӣ», «Парчам ва Нишон – муқаддасоти Ватан» ва амсоли инҳо гузаронида шуданд. Ҳамзамон, байни ҷавонони шаҳр конфронсҳо, семинар – машваратҳо дар мавзӯҳои беҳтар намудани масоили тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, ҷавонон-ҷонибдори сулҳ, дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолият, Наврӯз мероси ниёгони мо бо фарогирии зиёди ҷавонон ташкилу баргузор карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр моҳи майи соли гузашта таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» бо иштироки зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонон баргузор карда шуда, соли ҷорӣ низ баргузории ҷашни мазкур бо шукуҳу шаҳомати хоса ба нақша гирифта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки силсила чорабиниҳо аз қабили шоми ҷавонӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, ҳашари ҷавонон барои беҳдошти фазои экологӣ, аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат, мусобиқаҳои шиноварӣ, футбол, баскетбол, волейбол, шоҳмоту шашка, қаиқронӣ, гўштини дзюдо байни дӯстдорони ин намуд, Дави миллӣ, марафони велосипедронӣ, Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар доираи ҷашнгириҳои Наврўзи байналмилал, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Ўзбекистону Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, бо фарогирии ҷавонони минтақа якчанд мусобиқаҳои байналмилалӣ ба монандӣ: камонварӣ, теннис, шиноварӣ, футболи хурд, веломарафон ва дави дўстӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, Фестивали ҷаҳонии ҷавонон бо иштироки намояндагони 26 давлатҳои дунё дар “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид, ки дар муаррифии шаҳри бостонии Хуҷанд ва мардуми меҳмонавози он нақши созгор бозид.
Бо мақсади ҷалб намудани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи хештаншиносӣ, як қатор чорабиниҳои ватанпарастона ташкил ва гузаронида шуд.
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии шаҳр рӯзи «Дарҳои кушод», бо ҷалби зиёди ҷавонон баргузор гардида, сарбозону афсарон бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар ин давра мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии “Ҳомии Ватан”, “Сарбози оянда” ва “Сипар” бо ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ташкил ва баргузор гардиданд.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарбиявӣ ва пешгирикунанда миёни ноболиғон ва ҷавонон озмунҳои шаҳрии «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ», «Спартакиада»-и донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳр гузаронида шуд.
Қобили қайд аст, ки ҷиҳати бо кори доимӣ таъмин намудани ҷавонон дар 5 моҳи соли равон 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ташкил карда шуда, дар он корхонаву ташкилотҳо ба ҷавонон ҷойҳои холии корӣ пешниҳод намуда, наздик ба 200 нафар ҷавонон роҳхат ба ҷойи кор гирифтанд.
Дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон ва гурӯҳи тарғиботчиёни ҷавон таъсис дода шуда, конфронсҳои илмии олимони ҷавон ба таври анъанавӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳо баргузор мегардад.
Ҷавонони шаҳр дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иду санаҳои таърихӣ фаъолона иштирок карда, бо ифтихори баланди миллӣ роҳпаймоӣ, маҷлису ҳамоишҳо доир намуданд.
Дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ таъсири қувваҳои хориҷа ҷиҳати паҳн гардидани идеология ва фарҳанги бегона, инчунин ҷалби баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст.
Бо мақсади пешгирии ин амалҳои номатлуб дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ силсилаи чорабиниҳо ба сомон расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра байни аҳолии шаҳр, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳр бо ин мақсад мулоқоту вохӯриҳо, сӯҳбатҳо, семинар-тренингҳо ва мизҳои мудаввар бо ҷалби зиёди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарони хонашин ба роҳ монда шуд.
Баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳои зерин андешида шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳр зиёда аз 350 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз он ҷумла варзишгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.
Дар 6 адад мактабҳои варзишии шаҳр зиёда аз 300 гуруҳҳо бо фарогирии наздик 6 ҳазор нафар машқварзон, аз он ҷумла наздики 1000 нафар духтарон аз намудҳои олимпӣ, ғайриолимпӣ ва миллӣ амал намуда, ҳамарўза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд, ки шумораи онҳо сол аз сол зиёд гардида истодаанд.
Танҳо давоми соли 2024 ва панҷ моҳи аввали соли равон дар шаҳр зиёда аз 30 иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдончаҳои варзишӣ, майдонча барои бозии кӯдакон, бунёд ва азнавсозӣ гардида ба истифода дода шуд.
Давоми панҷ моҳи соли равон дар қаламрави шаҳр беш аз 80 мусобиқаҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки 75 ҳазору 400 нафар наврасону ҷавонон аз ҷумла 21 ҳазору 200 нафар духтарон ташкил ва гузаронида шуд.
Бо истифода аз ин шароитҳо танҳо давоми панҷ моҳи соли равон 300 нафар варзишгарони шаҳр аз ҷумла 89 нафар духтарон дар 12 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба гирифтани 34 медали тилло, 54 медали нуқра ва 62 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамзамон давоми панҷ моҳи соли равон 64 варзишгар, аз ҷумла 18 нафар бонувон ба 8 чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии шаҳр 51 медал, аз ҷумла 11 тилло, 17 нуқра ва 23 биринҷӣ ворид намуданд.
Сипас дар музокираи масъалаи мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Масаидов, хонандаи гимназияи Гёте, гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилафрӯз Ашӯрова, олими ҷавон Муродҷон Неъматов ва дигарон баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки маҳз сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари давлатамон буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷаласа маърӯза намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрўз ҷавонони мо таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил менамоянд, барои омўзиши илму дониши муосир кўшиш мекунанд, ба забономўзӣ машғуланд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзида, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош доранд. Бовар дорам, ки минбаъд низ сафи ҷавонони фаъолу ташаббускор бештар мешавад ва саҳми онҳо дар беҳдошти ҳаёти ҷомеа ба маротиб меафзояд.
Раиси шаҳр гуфт, ки бо мақсади эмин доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавононро зарур аст, ки донишашонро мунтазам мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрўза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд. Имрўзҳо ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманди мо давомдиҳандаи кору фаъолияти мо буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар назди мо, масъулин боқӣ мемонад. Яке аз роҳҳои асосии ҳалли ин масъала таъсис додани ҷойҳои нави корӣ буда, бунёди корхонаҳои хурд, марказҳои соҳибкорӣ, таъсиси бизнес - инкубаторҳо, паркҳои технологӣ ва дигар намуди истеҳсолот вазифаи мову шумост.
Таъкид шуд, ки баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин ҷашни таърихӣ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, қарори Раиси шаҳр ба тасвиб расида, дар асоси нақшаи чорабиниҳо то ин ҷашни фирўз дар шаҳр сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмири 950 иншоот, аз ҷумла 90 иншоот дар соҳаи варзиш ба нақша гирифта шудаанд. Ҷиҳати амалӣ гардидани иқдомҳои мазкур ҳар яки мо, масъулини сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва бонкҳои саҳҳомиро зарур аст, ки ба ҷавонон грантҳои алоҳида ҷудо намоем ва бо ҳамин роҳ ба рушди соҳибкории хурду миёна кўмак расонем.
Дар миқёси шаҳр алҳол 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ -коллеҷҳо фаъолият мебаранд.
Шаҳрдор гуфт, ки маориф соҳаест, ки ба ислоҳоти мунтазам ва бефосила ниёз дорад, зеро илму дониш пайваста рушд меёбад.
Имрўз дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2665 ҳазору нафар омўзгорон фаъолият намуда, аз онҳо 800 нафарашонро омўзгорони ҷавон ташкил медиҳанд.
Ҳамасола хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок ва мақоми намоёнро сазовор шуда истодаанд.
Боиси иифтихор аст, ки дар соли хониши 2024-2025 ҳамагӣ 1102 нафар хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз руйи фанҳои гуногун иштирок намуда, ба гирифтани медалҳои тилло, биринҷӣ ва нуқра соҳиб гардиданд. Ҳамзамон, дар давраи мазкур ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр муйассар гардид, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 17 ҷойи якум, 33 ҷойи дуюм ва 104 ҷойи сеюм мушарраф гарданд.
Бо мақсади дастгирии моддию маънавии ғолибони озмунҳо, бо қарори Раиси шаҳр, аз ҷумла барои қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фруғи субҳи доноӣ китоб” 95 ҳазору 600 сомонӣ, Озмуни “Илм фуруғи маърифат” 180 ҳазору 800 сомонӣ ва озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 245 ҳазору 710 сомонӣ ҷудо карда шуда, маблағи мазкур сол аз сол зиёд гардида истодааст.
Ҳамзамон, тибқи қарори Раиси шаҳр барои хонандагон ва омӯзгорони онҳое, ки дар олимпиадаҳои мамлакатҳои хориҷии дур ба гирифтани медали тилло сазовор мешаванд, маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд.
Имрўзҳо шумораи гирандагони стипендияи президентӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷўён 72 нафар, гирандагони стипендияи Раиси вилоят 80 нафар ва гирандагони стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд 150 нафарро ташкил медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки шумораи гирандагони стипендияи раиси шаҳр сол аз сол зиёд карда шуда, аз 100 адади соли 2023 ба 150 адад дар соли 2025 расонида шуд, ки мақсад аз ин дастгирии хонадагони аълохон ва фаъол мебошад.
Раиси шаҳр гуфт, ки имрўз яке аз масъалаҳои муҳими давлату ҳукумат ин байни сокинон, бахусус наслҳои наврасу ҷавон, ривоҷу равнақ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.
Боиси зикр аст, ки варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, малакаашонро бою ғанӣ мегардонанд.
Варзишгарони умедбахш Довуд Маҳкамов, Сафия Ғозиева, Мирзодалер Хуршедзода, Хосият Маҳмудова, Амирҷон Бобоҷонов, Хусравхон Раҳимов, Фирўз Бойматов, Мутабархон Каримова, Анушервон Сиддиқов ва дигарон дар қуввасанҷиҳои бонуфузи байналмилалӣ ба гирифтани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мушарраф гардидаанд.
Давоми соли 2024 ва панҷ моҳи соли 2025 варзишгарони шаҳр дар 110 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионати Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани зиёда аз 2000 медал мушарраф гардиданд, ки як қисми онҳоро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳанд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки дар Паёми имсолаи худ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрўз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Ин нуктаҳо ба хотири баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва рўҳияи ватанпарастиву ифтихори миллии ҷавонон таъкид гардида, онҳоро водор месозад, ки ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолият расанд, Ватанро боз ҳам бештар дўст доранд.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷиҳати пурзўр намудани корҳои таблиғотӣ дар байни ҷавонон, ташкили мусобиқаҳои варзишиву чорабиниҳои фарҳангӣ, барои ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, ҷоннок намудани фаъолият бо истифода аз усулҳои муосир, ҷалби нерўи ҷавонон ба равандҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ғайраҳо масъулинро вазифагузорӣ намуд.
Сипас, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба як қатор ҷавонони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







