22 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мегардад.
Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи боғ таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани муҳити мутобиқ ба талаботи муосир барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон, лоиҳа бояд бознигарӣ шуда, бо назардошти ҷанбаҳои экологӣ ва инфрасохтори муосир такмил дода шавад.
Боғи мазкур дар масоҳати 2,4 гектар дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳри Хуҷанд бунёд хоҳад шуд. Тибқи иттилои масъулин 50 дарсади масоҳати боғ бо корҳои кабудизоркунӣ фаро гирифта шуда, дар қисми боқимонда инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳравҳо, майдончаҳои варзишиву бозӣ, ҷойҳои нишаст ва чароғонкунии муосир бунёд хоҳад гашт.
Татбиқи ин лоиҳаи муҳим на танҳо симои шаҳрро зеботар мегардонад, балки барои фароҳамсозии шароити мусоиди фароғатӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон низ мусоидат менамояд.
Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун як гӯшаи фарҳангиву зебои шаҳр, туҳфаи арзанда ба сокинон ва меҳмонони Хуҷанд дар арафаи ҷашни миллӣ хоҳад буд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







